Имрӯз беш аз 100 нафар иштирокчии Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест-2025” аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии «Роғун» дидан намуданд.
Нахуст меҳмонро дар даромадгоҳи шаҳри Роғун бо расму оини хоси тоҷикона истиқбол гирифтанд. Сипас гуруҳи иштирокчиён аз қитъаҳои сохтмонӣ аз ҷумла толори мошинҳо ва сарбанди неругоҳ дидан намуданд.
Мутахасисони ин иншооти бузурги аср маълумот доданд, ки ҳоло ду агрегати он неруи барқ тавлид дорад ва дар назар аст, ки соли 2026 чархҳои кории мувақатӣ ба чархҳои кории доимӣ иваз мегардад ва ин боси зиёд гардидани истеҳсоли неруи барқ мешавад.
Марива Сунасӣ, ки аз Аморати араб омадааст таасуроташро чунин баён намуд: «Аз сафар ба Тоҷикистон хеле хушҳолам . Албатта ин аввалин бор нест, ки ман ба Тоҷикистон меоям бояд инро қайд намоям ки дар тӯли даҳ сол Тоҷикистон хеле тағир кардааст ва бисёр зебо шудааст. Ба ман ҳама чизи инҷо маҳқул аст, табиаташ, фарҳангаш, мусиқӣ ва ғайра. Ба боварӣ метавонам гӯям ки ҳама чиз дар ин ҷо дар ҳама сомтҳояш тағироти хубе кардааст Асосан ба ман фарҳанги инҷо писанд аст бахусус ана ҳамон либосҳои миллӣ».
Иштирокчии дигар, ки аз давлати Непал омадааст худро Сунил Касунӣ муарифӣ кард. Номбурда гуфт, ки: «Аз Душанбе ба самти Роғун ҳаркат кардем манзараҳои зебо қуҳҳои қашангро дидам. Баргҳои тилоранги дарахтон аз фаро расидани тирамоҳ дарак дод. Вақте ки мо ба маҳали неругоҳ омадем инҷо хеле корҳои босамар ба анҷом расида истодааст. Бо пура ба анҷом расидани сохтмон дар оянда ба ҳама кишварҳо фоидаи зиёд мерасонад. Аз ҷумла давлатҳои Осиёи марказӣ».
Гурӯҳи иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест-2025” ки дар рӯзи сеюм аз неругоҳи Роғун дидан намуданд бо як ҷаҳон хотироти нек ба шаҳри Душанбе ва кишварҳояшон баргаштанд.
Нуралӣ Давлат, барои сомонаи Радиои Тоҷикистон