20 октябр дар кинотеатри «Ватан»-и пойтахт ифтитоҳи расмии Рӯзҳои синамои Қирғизистон баргузор мегардад. Дар ин бора Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мӯҳтавои чорабинӣ дар баробари тақвияти равобити фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, намоиши ду филми маъруфи қирғизӣ — «Шамбала» ва «Эсимда»-ро низ дар бар мегирад. Тамошобинон метавонанд дар давоми се рӯз бо ин филмҳо аз наздик шинос шаванд.
Баргузории Рӯзҳои синамои Қирғизистон дар фазои дӯстиву эҳтироми мутақобила, инчунин дар чорчӯби Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи Сомон» сурат мегирад ва ба густариши ҳамкориҳои ҳунарии миёни синамогарони ҳарду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.