Имшаб ба пешвози парчамбардорони ватан меравем!

Имшаб соати 23:50 фазои Фурудгоҳи Душанбе аз ҷилои медалҳои тиллову нуқра ва биринҷии ҷудокорони номошноӣ тоҷик ҷилодор мешавад.

Ба таваҷҷуҳи ҳаводорону дӯстдорони варзиши мамлакат мерасонем, ки имшаб ҷудокорони муваффақи кишвар – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода бо нишонҳои ифтихорӣ аз Бозиҳои 19-уми Осиёии Ҳонгжоу-2022 ба ватан бармегарданд.

Дӯстдорон ва ҳаводорони варзиши мамлакат метавонанд, ки барои пешвозгирии ин се тан аз парчамбардорони меҳан соати 23:50 ба Фурудгоҳи Байналмиллалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, истиқбол аз ин фарзандони барӯманди Тоҷикистон дошта бошанд.