Шоми имрӯз дар боғи Куруши Кабир дар доираи Форуми Душанбе — Инвест барои меҳмонону иштирокдорони Форуми мазкур барномаи рангини фарҳангӣ баргузор мегардад, чунин иттилоъ дод имрўз Раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода, зимни баргузории ҷаласаи сармоягузории Тоҷикистон.
Интизор меравад, ки дар барномаи фарҳангӣ овозхонони шинохтаи тоҷик ва Руссия иштирок намоянд. Ҳамзамон дар намоиш ҳунарҳои дастӣ, хӯрокҳои миллӣ, урфу одатҳои мардуми тоҷик, анъанаҳои миллии тоҷикон ва ҳамзамон маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ ба маъраз гузошта мешавад.
Пагоҳ яъне 16 октябр дар боғи Куруши Кабир Форуми байналмиллалии сармоягузорӣ Душанбе Инвест — 2025 бо иштироки ду ситораи сатҳи ҷаҳонӣ санъаткорони эстрадаи Руссия ва Тоҷикстон Сосо Павяшвили ва Далер Назаров барномаи консертӣ доир мегардад. Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 14-15 ва 16 октябр шаҳри Душанбе мизбони чорабинии сатҳи баланди иқтисодӣ яъне Форуми байналмиллалии сармоягузорӣ Душанбе Инвест — 2025, ки дар он ҳайатҳои баландпояи Ҳукуматхои давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, сармоягузорону соҳибкорон ва коршиносон иштирок доштанд.
Дар ин хусус ҳамкоармон О. Шарипова аз макони баргузори чорабинии мазкур ба мо иттилоъ дод.