Ба имзо расидани 26 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар дар доираи «Душанбе Инвест-2025»

 Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025», ки 14 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, 26 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расидаст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 созишнома ба маблағи 333,5 миллион доллари амрикоӣ, дар соҳаи саноат 9 созишнома ба маблағи 386 миллион доллари амрикоӣ, Вазорати энергетика 5 созишнома ба маблағи 2,4 миллиард доллари амрикоӣ бо шарикони худ ба имзо расониданд. Ин санадҳо ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат, аз ҷумла энергетика, саноат, инноватсия, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт нигаронида шудаанд. Инчунин 4 созишномаи дигар дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба имзо расиданд, ки маблағи умумии онҳо 8,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои “сабз”, рушди устувор ва трансформатсияи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардид.

Мавзуи асосии форум «Сармоягузории “сабз”: Имконияти имрӯз барои ояндаи устувор» буда, тамаркузи стратегии мамлакатро ба рушди саноат, инноватсия ва гузариш ба иқтисоди камкарбон инъикос намуд.

Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд. Аз ҷумла, дар форум беш аз 1000 нафар иштирокдорон-меҳмонон аз Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна ҳузур доранд.

Барномаи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзуӣ ва ҷаласаҳои махсусро оид ба рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, молияи устувор, рушди ояндаи шаҳр, энергетикаи “сабз” ва соҳибкорӣ дар бар гирифт. Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» намоишгоҳи «Душанбе Инвест – 2025» ташкил карда шуд. Дар он дастовардҳои пешқадам дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ, агробизнес, сайёҳӣ, инчунин фазои сармоягузорӣ ва молу маҳсулоти тавлидии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.