Имрӯз дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» кинофорум бахшида ба 60 солагии коргардони маъруф Бахтиёр Худойназаров таҳти унвони «Бахтиёр Худойназаров: Синамои шарқ аз нигоҳи нав» баргузор гардид. Дар доираи кинофорум рунамоии китоби нозанашри «Навори хотира: Зиндагиномаи Бахтиёр» бо забонӣ тоҷикӣ ва русӣ доир шуд.
Пеш аз оғози кинофорум бо иштироки ҳайати ҳакамони Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» нишасти матбуотӣ доир гардид, ки зимни он Маҳмадсаид Шоҳиён директори МД «Тоҷикфилм» доир ба барномаи Синамоҷашнвора маълумоти муфассал дод. Ӯ дар идома перомуни зиндагӣ ва мероси эҷодии Бахтиёр Худойназаров сухан ронда, қайд намуд, ки Бахтиёр Худойназаров истеъдоди беназир дар соҳаи филмофарӣ дошт ва дар зиндагӣ ҳам хеле хоксор буд.
Дар идомаи кинофорум Иракли Кварикадзе ходими шоистаи санъати Гурҷистон баромад карда, иброз намуд, ки Бахтиёр Худойназаров коргардони сатҳи байналмилалӣ буд ва филмҳои офаридаи ӯ пурмазмуну пешгомтарин дар кинофестивалҳо буданд.
Бояд гуфт, ки Бахтиёр Худойназаров яке аз коргардонҳои боистеъдоди кишварамон буда, шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Филмҳои офаридаи ӯ «Бародар», «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ», «Дар интизори баҳр» ва «Гетераҳои майор Соколов» мебошанд, ки дар кинофестивалҳои хориҷ аз кишвар бо ҷоизаҳои гуногун сарфароз гардиданд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон«