Барандагони медалҳои олимпӣ аз Тоҷикистон як умр кумаки молӣ хоҳанд гирифт

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 1 январи соли 2024 тартиби нави пардохтҳои моддии ҳамасола ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпиро тасдиқ кард.

Дар асоси ҳуҷҷати мазкур, кӯмакпулии якумрӣ барои як моҳ чунин муайян гардидааст:

• аз рӯи намудҳои олимпии варзиши инфиродӣ ва даставӣ 50 нишондод барои ҳисобҳо барои ҷойи аввал (ҳоло як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ), барои ҷойи дуюм 30 нишондод ва барои ҷойи сеюм 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Кумакпулӣ ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, ки дар даврони истиқлолият соҳиби медал гардидаанд, пардохт карда мешавад.

Агар варзишгар аз ҷониби Ташкилоти дахлдори зидди допинг барои вайронкунии эҳтимолии қоидаҳои зидди допинг муҷозот карда шавад, кӯмакпулии якумрӣ бекор карда мешавад.

Агар қоидавайронкунӣ тасдиқ нашавад, пас кӯмакпулӣ, аз ҷумла барои моҳҳои пардохтнашуда ҳангоми санҷиш идома хоҳад ёфт.

Асосҳои маҳрум кардан аз кӯмакпулии якумрӣ инчунин марг, вайрон кардани одоби варзишӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз номи давлати хориҷӣ мебошад.

Феълан Тоҷикистон 4 медали олимпӣ дорад – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ. Медали тилло ба Дилшод Назаров (варзиши сабук), медали нуқра ба Юсуф Абдусаломов (гуштин), медалҳои биринҷӣ ба Расул Боқиев (ҷудо) ва Мавзуна Чориева (бокс) мутаалиқанд.