Ҷаласаи Комиссияи арзёбӣ оид ба таҳияи Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он баргузор гардид

Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди сайёҳӣ”, ки бо маблағгузории Бонки Осиёи Рушд амалӣ шуда истодааст, ҷаласаи Комиссияи арзёбии байниидоравӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдорӣ давлатӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид.

​Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мазкур қадами аввалини озмуни хизматрасонӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади арзёбӣ намудани изҳори ҳавасмандии ширкатҳои машваратӣ ва тартиб додани рӯйхати кӯтоҳи ширкатҳо амалӣ карда шуд. Боиси зикр аст, ки дар натиҷаи озмуни мазкур ширкати машваратии муносибу ба талаботҳо ҷавобгӯй барои таҳияи Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он интихоб карда мешавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкатҳои машваратии интихобгардида таҳияи Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он ва инчунин Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Панҷакент ва куҳҳои Фон дар назар дошта шудааст.