Дастаи «Интер»-и шаҳри Милан барандаи Ҷоми Италия гардид

Дар доираи бозии ниҳоии Ҷоми Италия дастаҳои «Фиорентина» ва «Интер» ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Олимпико»-и шаҳри Рим доир шуда, бо ҳисоби 1:2 бар нафъи футболбозони шаҳри Милан хотима ёфт.

Голҳоро дар ин бозӣ аз ҳайати «Интер» – Лаутаро Мартинес ду маротиба ва аз ҳайати «Фиорентина» – Николас Гонсалес ба самар расониданд.

Ҳамин тариқбо ин ғалаба соли дуюм пайиҳам дастаи «Интер» Ҷоми Италияро ба даст овард. Дар умум бошгоҳи «Интер» маротибаи 9-ум Ҷоми Италияро соҳиб шудааст. Қаблан, «Интер» солҳои 1939, 1978, 1982, 2005, 2006, 2010, 2011, 2022 ва 2023 ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Дастаи «Рома» ҳам 9-маротиба соҳиби Ҷоми Италия гардидааст. Аз ҳама зиёд ин ҷоизаро дастаи шаҳри Турин – «Ювентус» 14-маротиба ба даст овардааст.

Дар мавсими солҳои 2022/2023 дастаи «Интер» соҳиби Суперҷоми Италия ва Ҷоми Италия гардида, ба финали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт. Дар сурати ғолиб гардидан дар Лигаи Чемпионҳои Аврупо, «Интер» ҷоизаи сеюмашро дар ин мавсим ба даст меорад.

                   Сорбон Амонуллозода