Қарори охире, ки аз ҷониби парлумони ин давлат дар ҳамдастӣ бо Артиши миллии Либия қабул шуд, ба Миср имконияти қонунан дахолат намудан ба мухолифати дохилии ин давлатро барои ҳалли бӯҳрон медиҳад. Туркия мегӯяд, ки дар ин кишвар ягон ҳадафи низомӣ надорад ва танҳо ба ташабусҳои байналмилалӣ барои ба эътидол овардани вазъи бӯҳронии Либия кӯмак менамояд.
Мухолифатҳои беохире, ки миёни Ҳукумати Оштии миллӣ ва Артиши миллии Либия барои тақсими ҳокимият идома дорад, аз ҷониби кишварҳои алоҳида аз хориҷ дастгирӣ ёфтаву боиси шиддат гирифтани буҳрони сиёсӣ мегардад. Палатаи намояндагони Либия, ки дар шарқи ин кишвар амал менамояд, ба неруҳои низомии Миср иҷозаи дахолат намудан ба мухолифати дохилии ин давлатро додааст, омадааст дар изҳороти парлумон.
Дар охирҳои моҳи июни соли равон Президенти Миср Абдул Фатоҳ ас-Сисӣ гуфта буд, ки кишвари вай омодаи кӯмак ба мардуми Либия барои мубориза бурдан бо дахолати кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар баробари ин, неруҳои низомии Миср либиягиҳоро бо силоҳ таъмин намуда, онҳоро тамринҳои ҷангӣ медиҳанд. Президенти Миср эълон дошта буд, ки акнун ҳар навъ дахолати Миср ба корҳои дохилии Либия тибқи қонунҳои байналмиллалӣ неруи қонунӣ пайдо менамояд. Ба гуфтаи ӯ ҳамчун «хатти сурх» барои ҳаракати неруҳо шаҳри Сирт интихоб шудааст, ки тақрибан 900 км дуртар аз марз бо Миср воқеъ аст. «Мо ба талошҳои муштараки ду давлати дӯст – Либия ва Мисрро даъват менамоем, то ки ишғолгариҳои хориҷиро шикаст дода, амният ва суботи кишвар ва минтақаро таъмин намоем»,- омадааст дар идомаи изҳороти интишорнамудаи парлумон.
Қайд шудааст, ки парлумони Либия суханони Президенти Мисрро, ки дар ҳузури шаҳрвандон Либия гуфта буд, хӯш мепазирад. Дар изҳорот бошад, таъкид мегардад, ки неруҳои низомии Миср ба хотири таъмини амнияти миллии Либияву Миср ҳуқуқи дахолат намуданро доранд. Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаи гузашта Миср дар минтақаи наздисарҳади бо Либия тамринҳои бузургмасоҳати низомиро таҳти унвони «Ҷасорат-2020» баргузор намуд, ки дар он тамоми воҳидҳои низомии ин давлат ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки дар Либия дуҳокимиятӣ амал намуда яке Ҳукумати оштии миллӣ ном дошта, аз ҷониби Файёз Сарроҷ роҳбарӣ мешавад ва Туркия онро дастгирӣ менамояд. Тарафи дигар Артиши миллии Либия буда, таҳти фармондеҳии маршал Халифа Ҳафтар қарор доштаву бо парлумони дар қисмати шарқии Либия амалкунанда ҳамкорӣ дорад ва аз ҷониби Миср дастгирӣ меёбад.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Туркия Хамӣ Ақсой бошад, дар ҷавоб ба гуфтаҳои роҳбари вазорати корҳои хориҷии Аврупо Жозепа Борел зикр кардааст, ки сиёсати пешгирифтаи Иттиҳоди Аврупо нисбати Либия сиёсати духураро мемонад. Пештар аз ин Боррел гуфта буд, ки ӯ зимни мулоқоти худ бо намояндагони Туркия дар Брюссел дар мавриди таъмини пурраи самарабахшии амалиёт оид ба назорати манъи интиқоли силоҳ ба Либия ба созиш омадаанд. Ба гуфтаи вазири аврупоӣ дипломатҳо созиш карданд, ки Туркия барои иҷрои манъи аз ҷониби СММ барои интиқоли силоҳ ба Либия гузошташуда кушиш хоҳад кард.
Аммо сухнагӯи вазорати корҳои хориҷии Туркия гуфтааст, ки агар Иттиҳоди Аврупо хоҳони гузоштани саҳми худ дар ба эътидол овардани вазъи буҳронии Либия бошад, бояд аз сиёсати духӯра, ки бо амалиёти манъи интиқоли силоҳ ба Либия вобаста аст, даст кашад ва қонунияти Ҳукумати оштии миллии Либияро дар мувофиқа бо қарорҳои Шӯрои бехатарии СММ дастгирӣ намояд. Ба гуфтаи номбурда Туркия аз рӯзҳои аввали сар задани буҳрон дар Либия борҳо таъкид менамояд, ки ягон ҳадафи низомӣ надорад ва танҳо ба кӯшишҳои байналмиллалӣ барои ба эътидол овардани вазъи ин давлат кӯмак менамояд.
Малоҳат Муқимова
Радиои “Тоҷикистон”