Бо андешидани тадбирҳои муҳиму саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар имрӯзҳо дар мамлакат сатҳи гирифторшавӣ ба бемории Ковид-19 коҳиш ёфта истодааст. Ҳанӯз аз аввали пайдоиши ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар як қатор соҳаҳо низоми карантинӣ ҷорӣ гардид. Аз ҷумла, фаъолияти як катор воситахои наклиёт низ дар дохили шаҳри Душанбе махудуд гардонида шуд. Аммо қоидаҳои бехатарӣ на ҳамеша аз ҷониби шаҳрвандон ва масъулин роия мешавад.
Имрӯзҳо дар кишвар аз ҷониби масъулин ҷиҳати пешгири намудани бемории каронавирус тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ба роҳ мондани корҳои тавзеҳотӣ аз тарафи ташкилоту корхонаҳои давлатӣ дар байни аҳолӣ аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ин метавонад, дар самти коҳиш додани бемории Ковид-19 мусоидат намояд. Тавре дар суҳбати телефонӣ бо мо сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи наклиёти шаҳри Душанбе Фирӯз Расулов гуфт, ҳамарӯза аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар байни ронандагон ва мусофирнон корҳои назоратӣ ва тавзеҳотӣ гузаронида мешавад. “Вобаста ба масъалаи пешгирии бемории Ковид-19 айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Душанбе гурӯҳи кори тибқи дастуру супориши муҳтарам раиси шаҳр омода шудааст. Дар ин замина корҳои назорати тарғиботиву ташвиқоти гузаронида мешавад”- гуфт Фирӯз Раслулов.
Бо вуҷуди андешидани чораҳои зарурӣ аз тарафи масъулини дахлдор, сокинони шаҳри Душанбе фаъолияти нақлиётҳои шаҳр ва афтобусҳоро дар чунин вазъият хеле нигаронкунанда мегӯянд. Вобаста ба вазъи имрӯзаи нақлиётҳои мусофиркашонӣ як нафар истиқоматкунандаи шахри Душанбе Шукуфа Рустамова дар суҳбат бо мо гуфт, ки имрӯз вазъи нақлиёт ва автобусҳои шаҳр хеле нигаронкунанда аст. Чун ронандаҳо аз меъёр зиёд одам мегиранд. Дар ҳоле, ки мо бояд дар шароити пандемия масофаи иҷтимоиро риоя намоем. Аз роҳбари шахри Душанбе хоҳиш менамоем, ки сафи хатсайрҳоро зиёд гардонанд то ронандагон аз меъёр зиёд одам нагиранд. ” Аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон аз тарфи ронандагон ин яке аз мушкилиҳое мебошад, ки то кунун ҳалли худро наёфтааст. Дар чунин шароити пандемия хар як шаҳрвандро зарур аст, ки барои ҳифзи саломатии худ дар дохилии нақлиётҳои чамъияти қоидаҳои тиббиро риоя намуда, масофаи иҷтимоиро риоя намоянд”,- мегӯяд сокини пойтахт Юсуфчон Бердиев.
Чуноне, ки ба назар мерасад имрӯз дар нақлиётхои мусофиркашони пойтахт меъёри гирифтани мусофирон риоя намешавад. Тибқи тавсияи табибон на кам аз даҳ нафар бояд дар як ҷо чамъ шаванд ва масофаи иҷтимоиро бояд риоя намоянд.
Ҳифзи саломатии хар як нафар аз худи ӯ твобастагӣ дорад. Аз ин рӯ тамоми ронандагон ва мусофиронро мебояд, ки барои мубориза бурдан бо вириси Ковид -19 дар чунин шароити пандемия тамоми коидаҳои тиббиро риоя намуда худ ва наздикони худро эҳтиёт намоянд. Масъулини дахлдор аз меъёр зиёд гирифтани мусофиронро дар дохили нақлиёти чамъияти пеш аз ҳама ба маърифати худи онҳо рабт дода, мегӯянд, ки ин бояд аз тарафи шаҳрвандон риоя карда шавад. Масъулини хадамоти нақлиёти шахри Душанбе мегӯянд, ки дар робита ба мушкилоти мавҷуда аз ҷониби гуруҳои корӣ, корҳои тавзехоти боз ҳам пурзур гардонида мешавад.
Ширин Тоҳирӣ
Радиои “Тоҷикистон”