Андешаҳо аз Фейсбук: Паёмади бекорӣ дар миёни ҷавонон чист?

Дар робита ба мушкилоти ҷавонон миёни корбарони бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук гуфтумоне васеъ сурат пазируфт. Муҳаммдюсуф Алиев, як истифодабарандаи ин шабака мавзуи мазкурро бо нашри матлабе ба баҳс кашидааст. Ў дар шарҳи худ нигоштааст, ки: “Мушкилоти имрўзаи ҷавонон аз чӣ иборат аст ва оё касе сабабу омилҳои онҳоро номбар карда метавонад? Зеро мушоҳида мешавад, ки бисёре аз ҷавонон дучори   дилшикастагӣ ва ноумедӣ ҳастанд”.

Чанд шарҳи дар ин матлаб коридашуда оварда мешавад.

Фаридун Шарипов: “Бекорӣ яке аз сабабҳои аслии руҳафтодагии ҷавонон ба шумор меравад. Дар сурати бекорӣ ҳар инсон аҳдофи худро дар зиндагӣ гум мекунад. Мусаллам аст, ки беҳадаф зистан касро ба гумроҳӣ мебарад”.

Умеда Муҳиддинова: “Хушбахтона, мо ҷавонони аз ҳар ҷиҳат пешрафта зиёд дорем. Инро набояд нодида гирифт. Аммо мутаассифона, бар замми ин як зумра аз падару модарон нисбат ба фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд”.

Сайидалӣ Самадов: “Мутаасифона ин ноумедиро ҷавонон аз хурдӣ дар симои бузургсолон мушоҳида менамоянд,ки ин ба рӯҳу равони онҳо бетаъсир буда наметавонад”.

Оймоҳ Ҳасанова: “Зиндагӣ бе орзуву ҳавас ширин буда наметавонад. Мо ҷавонони солҳои қабл аз синфи 9-10, ҳатто аз ин ҳам барвақттар дар рушди ҷомеа ҳиссагузорӣ мекардем. Дар саҳро баробари калонсолон пахтакориву пахтачинӣ, полезикориву боғдорӣ менамудем. Дар шаҳр ҳамсолони мо дар фабрикаҳои истеҳсолии консерватайёркунӣ ба волидон кўмак мекарданд. Вақти худро беҳуда сарф намесохтем. Донишгоҳро бо мутолиаи садҳо китоби илмиву бадеӣ хатм мекардем. Холо чӣ? Кам чавононро медонам ки илмдўстанду меҳнатӣ. Баъзе ҷавононро мебинам, аз минбарҳои баланд мегўянд: “Мо ҷавонони солхои 90-ум нестем», яъне худро беҳтар мехисобанд, аммо боре фикр намекунанд, ки солҳои 90-ум ҷавонон айбе надоштанд. Шароите, ки имрўз барои ҷавонон мавҷуд аст, нимаи онро мо орзу мекардем. Мархамат, илм, касбу ҳунар омўз! Хоҳӣ дар дохил, хоҳӣ дар хориҷа кору зиндагӣ намо! Инсоне, ки илм дорад, ҳунару маҳорат ва завк дорад, 2-3 забонро медонад, мавқеи худро дар ҷомеа меёбад. Хор намешавад. Вақте кор карду маош гирифт, роҳи зиндагӣ барояш ҳамвор мегардад. Руҳафтодагӣ инсонро ба нестӣ мебарад. Ҷавонон нерўи арзишманди ҷомеаанд. Онҳо аз дигар табақаи аҳолӣ дида, бояд фаъолтар бошанд.”

Бунафша Саидмаҳмудова: “Дар воқеъ, ҷавонон солҳои пеш дар таътили тобистона дар саҳро, инчунин дар заводҳои  консервабарорӣ кор мекарданд. Умуман ба хар кори фоиданок машғул мешуданд, маош мегирифтанд ва бо ҳар гуна мукофот хавасманд гардонида мешуданд. Дар кружокҳо иштирок мекарданд, ба дўзандагӣ, бофандагӣ фаро гирифта мешуданд.”

Санавбар Раҷабова: “Сабаби аслии мушкилоти ҷавонон дар аз китоб дур будани онҳост”.

Олимҷон Ҳасанов: “Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки наздик будан бо китоб мушкилот ва руҳафтодагии ҷавононро бартараф карда наметавонад”. 

Юсуф Латифов:  “Ҷавонони давраи пешин аз таваҷҷуҳи хосаи волидайн бархўрдор буданд. Масалан, падару модарон  хонондану оиладор кардани фарзандонро аз вазифаҳои аслии худ мешумориданд. Ҷавонони ҳозира бошад, барои фароҳам овардани шароит худашон кўшиш мекунанд, барои пулёбӣ ба хориҷа мераванд. Аз ин хотир аксари онҳо аз таҳсил дар донишгоҳ дур мемонанд”

Фирӯз Саъдуллозода: “Азбаски иқтисодиёти кишварамон чандон баланд нест, ин ба ҳаёти ҷавонон бетаъсир буда наметавонад”

Оятулло Саъдуллозода: “Кӯшиш бояд кард, то иқтисодиётамон бо дасти худамон баланд бардошта шавад. Барои ин ҷомеаи моро андаке ҳушёриву зиракӣ лозим аст”.

Бобошо Салимов:Имрўз қисми зиёди ҷавонони мо аз ҳисоби падару модарон рӯз мегузаронанд. Ҳамаашон пессимистанд, кадом як аз онҳоро кори одӣ фармоянд, аз ӯҳдаи иҷрои он намебароянд.  Сабаби инро равоншиносон хубтар медонанд. Дар солҳои Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 11 донишкада буд, ҳоло бошад, дар ҳар вилоят 2-3донишгоҳ мавҷуд аст. Теъдоди мактабҳои ҳозиразамон ҳам хеле зиёд гардидааст. Шумо ин Ватан ва ин сарзаминро танқид накунед, замона дигар шудааст. Бояд ҷавонони имрӯза оптимист бошанд”.

Собирҷон Каримов:Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон дар ин зинаи синусол ҳар инсон мувоҷеҳи мушкилоти рўзгор мегардад”.

Mуборакшоҳ Бурҳонов: Вақте дар дигар давлатҳо донишҷӯён таҳсил мекунанд 70 – 80 фисади онҳо ба мутахассисони мувофиқ ба бозори ҷаҳонӣ тайёр мешаванд ва бо дили пур медонанд, ки ба онҳо ҷои кор муҳайё аст, шароити зиндагӣ ва ҳама арзишҳо. Аммо дар мо вақте донишгоҳро хатм мекунанд, 70-80 % -и онҳо ба муҳоҷират мераванд ва ё бекор дар Ватан! Ягона омили муҳиме, ки дили ҷавононро ба оянда илҳом мебахшад, ин як фазои хуби корӣ тайёр кардан дар кишвари худ мебошад”.

Шараф Раззоқӣ: “Ин масъалаи хеле нозук, ки алҳол сари он баҳсҳо сурат гирифта истодааст, хеле актуалӣ мебошад.
Чаро мо ба гуфти мақоли халқӣ, сарро монда ба тоқӣ мечаспем? Як олими ҷопонӣ гуфтааст: Ҳар мушкилоте, ки доред, ҳалли онро на дар берун, балки дар дохил ҷустуҷў кунед, зеро 70 фоизи проблемае ки доред, ин худи шумо ҳастед, яъне 70 фоиз проблемаро худи шумо бунёд кардаед. Танҳо 25-30 %-и иллатҳои сар задани мушкилот дар берун аст.
Бо такя ба ин, метавон гуфт, ки иллатҳои аслӣ дар мо аст, на дар замону макон. Зеро ҷавонони мо бояд хонанд, донанд. Пеш аз ҳама ҳунарҳои хубро аз бар кунанд ва бо ин васила фаъолияти худро ҷоннок намоянд. Дар ин сурат, бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳеҷ як аз онҳо дучори   стресс ва мушкилоти бекорӣ намегарданд. Танҳо кадрҳои баландихтисос ва шахсони ҳунарманд бо доштани рӯҳияи солиму созанда ҷомеаро пешрафта мегардонанд”.

Таҳияи Дилшоди Муҳаммад, масъули

бахши “Афкори” барномаи “Бозтоб” аз Радиои Тоҷикистон

Аз Идора: Сомонаи www.radiotoj.tj минбаъд ҳафтае ду маротиба андешаҳои корбарони Фейсбукро дар масоили мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра, ки дар бахши “Афкор”-и барномаи “Бозтоб” садо медиҳанд, пешкаши хонандагон мегардонад. 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *