Бо мақсади аъмиру таҷдиди нақби “Истиқлол” ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз тариқи Душанбе- Хуҷанд аз соати 6:00 то 12:30 аз самти Хуҷанд – Душанбе ва аз соати 12:30 то 19:00 аз самти Душанбе ҷониби Хуҷанд манъ мешавад.
Ба навиштаи саҳифаи фейсбукии филиали “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон аз соати 19:00 бегоҳӣ то соати 6:00 субҳ роҳ ба ду самт кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бидуни монеа имконпазир аст.
Гуфта мешавад, ки таъмиру таҷдиди нақб то 3 моҳ идома ёбад ва зимни таъмир дар нақби «Истиқлол» чароғ, камераҳои назоратӣ ва барои тоза кардани ҳавои дохили нақб ҳавотозакунакҳо насб карда мешаванд.
Хотирасон мекунем, ки аввали соли ҷорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Фароб»- и Ҷумҳурии Исломии Эрон қарордоди анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар маросими ба имзо расонидани ин санад изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи лоиҳа ва анҷоми саривақтию хушсифати кор дар он давоми мантиқии ҳамкориҳои судбахш миёни кишварҳо хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки “Фароб” яке аз бузургтарин ва ботаҷрибатарин ширкатҳои Эрон аст, ки тарҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дар заминаҳои сохти неругоҳҳои барқи обӣ, ҳароратӣ, роҳу тунел, нафту газ ва ғайра иҷро кардааст.