Пас аз 19 сол: Тоҷикистон боз дар 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳон

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) пас аз 19 сол бори дигар ба марҳилаи ҳазфии чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт.

Футболбозони ҷавони мо дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳӣ бо тими Сенегал мусовӣ карда, бо ҳисоби 1:1 вохӯриро анҷом доданд. Голи Тоҷикистонро Меҳрубон Одилзода дар дақиқаи 60-ум аз зарбаи пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Ҳамин тавр, мунтахаби мо бо касби 4 имтиёз ба марҳилаи 1/16-ниҳоӣ роҳ пайдо кард.

Ёдовар мешавем, ки бори охир наврасони тоҷик соли 2007 ба марҳилаи ҳазфии чемпионати ҷаҳон роҳ ёфта буданд. Ин натиҷа бозгашти футболи наврасони Тоҷикистон ба саҳнаи бузурги ҷаҳон ва дастоварди арзандаи насли нави футболбозони кишвар мебошад.