Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон оғоз гардид. Чорабинӣ таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, ташкилкунандаи он Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар қисмати ифтитоҳии форум Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода суханронӣ намуда, оид ба имкониятҳои Тоҷикистон дар самти саноати маъданҳои кӯҳӣ маълумот дод ва сармоягузоронро ба ҳамкорӣ даъват кард.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон 800 кону зуҳуроти маъданӣ мавҷуд буда, кишвари мо аз ҷиҳати захираи сурма дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Сол ба сол саҳми саноат дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфта, тибқи дурнамо, ин нишондиҳанда то соли 2030 бояд ба 35 фоиз расад. Ҳамчунин, имтиёзҳои андозиву гумрукии дар Тоҷикистон мавҷудбуда метавонанд барои густариши ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Сипас, форум кори худро дар бахшҳои алоҳида идома дод. Дар он вазирони соҳаи саноат ва маъдани як қатор кишварҳо, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, инчунин намояндагони воломақоми кишварҳои дигар баромад намуда, оид ба рушди саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак андешаронӣ карданд.
Форум ҳамчун майдони байналмилалӣ барои муаррифии иқтидори кӯҳию металлургии кишвар, баррасии имкониятҳои сармоягузорӣ ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди корхонаҳои ватанӣ бо шарикони хориҷӣ хизмат хоҳад кард. Баргузории он ба татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори соҳа мусоидат менамояд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба имкониятҳои азхудкунии захираҳои маъдании кишвар, рушди истеҳсоли металлҳои ранга ва дурнамои ҳамкорӣ дар самти истихроҷу коркарди маъданҳои дорои аҳаммияти ҳаётан муҳим зоҳир мегардад.
Металлҳои нодири дар Тоҷикистон мавҷудбуда метавонанд дар шароити рушди саноати электроника ва технологияҳои нав ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ такони ҷиддӣ бахшанд.
Ш. Аҳмад
