ДАР ҚАРОРГОҲИ ЮНЕСКО КОНСЕРТИ БОШУКӮҲ БАРГУЗОР ШУД

Дар ин барномаи консертӣ Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон ва як гурӯҳ ҳунармандони кишвар ҳунари волои мусиқии миллиро муаррифӣ карданд. Иштироки ҳайати ҳунарии Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфуз имкон фароҳам овард, ки фарҳанги ғанӣ, санъати мусиқӣ ва ҳунари иҷроии тоҷикон дар фазои байналмилалӣ муаррифӣ гардад.

25 ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Фаронса барномаи бошукӯҳи консертӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинии фарҳангӣ дар доираи ҳамоишҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти мероси илмӣ ва адабии ду чеҳраи барҷастаи тамаддуни ҷаҳонӣ — Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор шуд.

Мероси илмӣ ва адабии Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, ки аз сарҳадҳои ҷуғрофӣ гузашта, ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст, имрӯз низ василаи пайванди миллатҳо ва фарҳангҳо мебошад. Дар ин замина, ҳузури ҳунармандони тоҷик дар саҳнаи ЮНЕСКО бозгӯи пайванди ногусастании таъриху фарҳанги миллӣ бо арзишҳои умумибашарӣ ба шумор меравад.