Қарордоди таъмири нақби “Истиқлол” ба имзо расид

Байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Фароб»- и Ҷумҳурии Исломии Эрон Қарордоди анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Дар маросими ба имзо расонидани ин санад изҳори боварӣ карда шуд, ки татбиқи лоиҳа ва анҷоми саривақтӣ ва хушсифати кор дар он давоми мантиқии ҳамкориҳои судбахш миёни кишварҳо хоҳад буд.

Гуфта мешавад, ки бо имзои қарордод корҳои марбут ба он, аз ҷумла, равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар дохили нақб муҳиманд, иҷро хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки “Фароб” яке аз бузургтарин ва ботаҷрибатарин ширкатҳои Эрон аст, ки тарҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дар заминаҳои сохти неругоҳҳои барқи обӣ, ҳароратӣ, роҳу тунел, нафту газ ва ғайра иҷро кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *