Мухбири Радиои “Тоҷикистон” Парвина Самандарзода дар наминатсияи китобхонӣ ва мухбири шабакаи “Садои Душанбе” Умедалӣ Холов дар номинатсияи шеърхонӣ соҳиби шоҳҷоизаи “Эъҷози сухан” гардиданд, ки ин ҷоиза дар ҳар номинатсия 10 000 сомонӣ мукофот дорад.
Маросими ҷоизасупорӣ имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар ду номинатсия ба 12 нафар ғолиб диплому мукофотҳои пулӣ доданд. Ба ғайр аз ғолибони ҷойи аввал, ба ду ҷойи дуюм дар ҳарду номинатсия 7 000 сомонӣ (ба 4 нафар дар маҷмӯъ 28 000 сомонӣ) ва ба се ҷойи сеюм дар ҳарду номинатсия 5 000 сомонӣ (ба 6 нафар, дар маҷмӯъ 30 000 сомонӣ) мукофотпулӣ эҳдо гашт.
Бояд қайд кард, ки дар озмун 64 нафар дар номинатсияи китобхонӣ ва 78 довталаб дар номинатсияи шеърхонӣ худро номнавис карда, 18 довталаб бо сабабҳо иштирок накарданд. Ҳамчунин, 39 нафар ба сипосномаву дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамин тариқ, аъзои ҳакамон пас аз баррасии натиҷаҳо номинатсияи “Китобхонӣ”-ро бо натиҷаҳои зерин ҷамъбаст намуд:
Ҷойи якум:
– Парвина Самандарзода (РТ) (45 хол)
Ҷойҳои дуюм:
– Абдуҷалили Амон (РТ) (42,5 хол)
– Низомов Асҳобиддин (Синамо) (41,5 хол)
Ҷойҳои сеюм:
– Каримова Наргис (ТВСуғд) (41 хол)
– Асроров Тоирхон (ТВТ) (41 хол)
– Салимзода Маҷид (РТ) (40 хол)
Барои иштироки фаъол дар номинатсияи “Китобхонӣ” кормандони зерин бо сипоснома ва мукофотпулӣ (ҳар яке дар ҳаҷми 1000 сомонӣ) сарфароз гардонда шуданд:
1. Парвизи Маҳмадамин (ТВВ) (39,0 хол)
2. Каримов Нуралӣ(РТ) (37,0 хол)
3. Мирсаиди Хайрулло (РТ) (36,5 хол)
4. Шарифзод Умед (ТВБ) (35,5 хол)
5. Раҷабалиева Шаҳло (Сафина) (35,5 хол)
6.Сулаймонов Музафар (ТВБ) (31,5 хол)
7. Асоев Сабзаалӣ (РТ) (32,5 хол)
8. Шарипова Манзура (РТ) (32,0 хол)
Ба 7 нафар иштирокчии фаъол дар номинатсияи “Китобхонӣ” туҳфаҳои хотиравӣ – китоби “Расонаи зиндагӣ” ва мукофотпулӣ (ҳар яке дар ҳаҷми 500 сомонӣ) тақдим карда шуд:
1. Ҷавакова Зарина (Сафина) (28,0 хол)
2. Асрориён Ҷонибек (РТ) (28,0 хол)
3. Нозимов Сафаралӣ (ТВТ) (28.0 хол)
4. Шарифзода Пӯлод (ТВТ) (26,0 хол)
5. Истамов Баҳодур (ТВТ) (26,0 хол)
6. Сафарова Баргигул (Сафина) (26,0 хол)
7. Раҷабов Муҳаммадҷон (ТВТ) (24,5 хол).
Мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон озмуни “Эъҷози сухан” номинатсияи “Шеърдонӣ” бо натиҷаҳои зерин ҷамъбаст карда шуд:
Ҷойи якум:
– Холов Умедалӣ (РТ) (58,50 хол)
Ҷойҳои дуюм:
– Сатторзода Гулчеҳра (ТВТ) (58, 16 хол)
– Ализода Абдурашид (РТ) (58,16 хол)
Ҷойҳои сеюм:
– Боймуродов Бузургмеҳр (РТ) (58,00 хол)
– Бобоҷонов Абдуаҳад(ТВТ) (58,00 хол)
– Тағоев Куҳзод (ТВТ) (57,83 хол)
Барои иштироки фаъол дар озмуни “Эъҷози сухан” дар номинатсияи “Шеърдонӣ” кормандони зерин бо сипоснома ва мукофотпулӣ (ҳар яке дар ҳаҷми 1000 сомонӣ) сарфароз гардонда шуданд:
1. Хӯҷаёров Убайдулло (РТ) (57,50 хол)
2. Ширинбекова Зебуниссо (ТВТ) (57,33 хол)
3. Ашӯрова Махфират (ТВБ) (57,00 хол)
4. Сафаров Маҳмадалӣ (ТВТ) (56,16 хол)
5. Ҳасанзода Далер (Синамо) (56,16 хол)
6. Осими Оқил (ТВ Суғд) (56,00 хол)
7. Исматова Дилбар (РТ) (56,00 хол)
Ба 17 нафар иштирокчии фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ – китоби “Расонаи зиндагӣ” ва мукофотпулӣ (ҳар яке дар ҳаҷми 500 сомонӣ) тақдим карда шуд:
1. Тӯраева Шаҳло (Сафина) (55,66 хол)
2. Ақдодова Мадина (ТВ Бадахшон) (54,83 хол)
3. Раҳмонзода Зулфия (ТВТ) (54,60 хол)
4. Нуров Зиёвуддин (РТ) (54,33 хол)
5. Шукурова Дилафрӯз (РТ) (53,66 хол)
6. Сатторов Лолахон (ИИКК)(53,16 хол)
7. Раҳимов Зикриё (ТВТ) (53,00 хол)
8. Каримов Ҷамшед (ТВҶ) (52,66 хол)
9. Абдураҳмонова Ширинмоҳ (ТВ Кӯлоб) (52,66 хол)
10. Раҳматуллоев Муҳаммадшариф (ТВҶ) (52,16 хол)
11. Фарзонаи Раҳмон (Сафина)(52,00 хол)
12. Назирова Робиямо (РТ) (52,00 хол)
13. Собирзода Фаррух (ТВТ) (52,00 хол)
14. Авлонов Файзимад (ТВ Хатлон) (51,83 хол)
15. Иқболшоев Некушо (ТВҶ) (51,50 хол)
16. Фарҳоди Шарифхон (ТВТ) (50,50 хол)
17. Раҷабова Шаҳло (ТВТ) (50,33 хол)
Ба ин тартиб, аз 12 ҷоиза 6 ҷоиза ва аз 39 сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ 12-то он насиби кормандони радиои “Тоҷикистон” ва шабакаҳои он гардиданд, ки дар миёни сохторҳои зертобеи Кумитаи телевизион ва радио аз ҳама бештар мебошад.
Хотирасон мешавем, ки озмуни адабии “Эъҷози сухан” аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита баргузор гардида, минбаъд ҳар сол доир карда мешавад.