Вазири корҳои дохилии кишвар генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири навтаъини Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мулоқот намуд.
Ҷонибҳо вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуда, ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ, бахусус дар самти таъмини амният таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм ва экстремизм, пешгирии муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, инчунин муқовимат ба ҷиноятҳои киберӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ гардиданд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки идомаи чунин мулоқоту машваратҳо метавонад ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт ва рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар мусоидат намояд.
