«Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд».
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 16.12.2025.
Яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти низоми бонкӣ пасандозҳои аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ мебошанд. Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми пасандозҳо ва ҷалби муштариёни нав ташкилотҳои қарзии молиявӣ шаклҳои нави пасандозгузориро ҷорӣ намуда, барои ҳавасмандгардонии муштариён, ҷалби маблағҳои озод ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ чораҳои иттилоотиву тарғиботӣ меандешанд. Ҳамчунин, хизматрасониҳои муосири бонкӣ, аз ҷумла ҳамёни бонкӣ, пардохт тавассути QR-рамз ва бонкинги мобилӣ, барои осон намудани истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ ва ҷалби бештари маблағҳо ба низоми бонкӣ мусоидат мекунанд.
Тавре аз Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, ба ҳолати 30 сентябри соли 2026 бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 38,3 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,4 фоиз ё 8,0 млрд сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби маблағҳои шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмини шаффофият ва коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Дар давраи аз 30 августи соли 2021 то 30 сентябри соли 2026 ҳаҷми умумии маблағҳои қонунигардонидашуда 15,2 млрд сомониро ташкил дод. Аз ин маблағ 3,8 млрд сомонӣ ба пасандозҳои муҳлатнок, 6,7 млрд сомонӣ ба сармоягузорӣ ва 4,7 млрд сомонӣ ба мубодилаи асъори хориҷии шаҳрвандон тавассути ташкилотҳои қарзии ваколатдор рост меояд.
Самти дигари муҳим ҷалби сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 ташкилотҳои қарзии молиявӣ 4 млрд 634,5 млн доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб намуданд.
Ташкилотҳои қарзии молиявӣ рушди фаъолияти худро дар доираи Стратегияи рушди фаъолият барои солҳои 2022–2026 ба роҳ монда, ҷиҳати зиёд намудани дороиҳо, сармоя, пасандозҳо ва пешниҳоди қарз ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт чораҳо меандешанд.
Оид ба натиҷаҳои қарздиҳӣ дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 Бонки миллии Тоҷикистон чунин иттилоъ дод:
* Ҳаҷми умумии қарзҳои ба иқтисодиёти кишвар додашуда 26 839,4 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 238,1 млн сомонӣ ё 24,2 фоиз зиёд мебошад;
* Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 14 506,6 млн сомонӣ ба соҳибкорон рост омада, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 636,8 млн сомонӣ ё 33,5 фоиз афзоиш ёфтааст;
* Ба соҳибкорони истеҳсолӣ 7 134,9 млн сомонӣ ё 26,7 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда равона гардидааст.
Ба ҳолати 30 сентябри соли 2026 бақияи умумии сандуқи қарзӣ ба 30,7 млрд сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,1 фоиз ё 6 361,8 млн сомонӣ зиёд шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати паст намудани арзиши қарзҳо ва беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон ба маблағгузорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Бо мақсади паст намудани арзиши қарзҳо гурӯҳи кории дахлдор таъсис дода шудааст.
Тибқи маълумоти мавҷуда, дар давраи солҳои 2017 то сентябри соли 2026 меъёри миёнавазни фоизии қарзҳои бо пули миллӣ додашуда аз 28,18 фоиз то 23,52 фоиз ва қарзҳои бо асъори хориҷӣ додашуда аз 21,05 фоиз то 10,72 фоиз паст гардидааст.
Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 меъёри миёнавазни фоизии қарзҳои пешниҳодшуда 23,2 фоиз бо пули миллӣ ва 11,1 фоиз бо асъори хориҷиро ташкил дод.
Бо вуҷуди коҳиш ёфтани меъёрҳои фоизӣ нисбат ба солҳои қаблӣ, арзиши қарзҳо ҳанӯз ҳам масъалаи муҳим боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати коҳиш додани меъёрҳои фоизӣ ва беҳтар намудани дастрасии субъектҳои соҳибкорӣ ба маблағгузорӣ чораҳои заруриро идома медиҳад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор гардиданд, ки бо мақсади беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ Фонди кафолати қарзҳоро таъсис диҳанд. Феълан, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди кафолати қарзҳо дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Фонди мазкур дар оянда метавонад як қисми хавфи қарзиро ба зимма гирифта, ба соҳибкороне, ки барои гирифтани қарз гарави кофӣ надоранд, имконияти бештари дастрасӣ ба маблағгузориро фароҳам оварад. Тақсим намудани хавфи қарзӣ байни ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва Фонд инчунин метавонад дар оянда барои паст намудани арзиши қарзҳо ва рушди истеҳсолоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ш. Аҳмад
