Ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
Дар ин ҳамоиш, ки рӯзҳои 25–26 ноябр дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба арзёбии даври шашуми мониторинг, масъулияти корпоративӣ ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маблағҳои вобаста ба коррупсия баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарият ва масъулони Котиботи Шабака мулоқоти дуҷониба анҷом дода, рафти иҷрои тавсияҳои даври қаблии мониторинг, ислоҳоти қонунгузорӣ ва тақвияти механизмҳои миллии мубориза бо коррупсияро муҳокима карданд.
Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки Тоҷикистон ба даври навбатии арзёбии байналмилалӣ омодагӣ мегирад. Интизор меравад, ҳамкории густурда бо СҲИР барои такмили низоми муқовимат ба коррупсия ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
