ДАР САРИ ХОСОР ФУРУДГОҲ БУНЁД МЕШАВАД

Дар мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон барои бунёди фурудгоҳи хатти ҳавоӣ санги асос гузошта шуд.

Дар маросими гузоштани санги асос Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок карданд.

Бунёди фурудгоҳ ба беҳтар гардидани дастрасии нақлиётӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба ин минтақаи дорои табиати нодир мусоидат хоҳад кард.

Иншооти нав ҳамчунин барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ноҳияи Балҷувон замина фароҳам меорад.