Борбади Марвазӣ ва ҷойгоҳи мероси ӯ дар тамаддуни мусиқии Шарқ

Мероси ҳунарии Борбади Марвазӣ бори дигар мавриди омӯзишу баррасии олимони дохиливу хориҷӣ қарор гирифт.

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони воломақоми кишвар, аҳли илму фарҳанг ва меҳмонони хориҷӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Зимни он муҳаққиқон ба нақши Борбад дар ташаккули низоми мусиқии суннатӣ, эҷодиёти оҳангсозӣ ва рушди фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Таъкид шуд, ки Борбади Марвазӣ на танҳо ҳунарманди мумтоз, балки шахсияти таъсиргузор дар ташаккули асосҳои назариявии мусиқӣ буда, мероси ӯ то имрӯз арзиши баланди илмӣ ва фарҳангӣ дорад.

Ҳифзи ин мероси таърихӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш арзёбӣ гардид.