Имрӯз, дар доираи Форуми байналмилалии ПЛАС — «Digital Tajikistan 2026», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад, бахши якуми пленарӣ таҳти унвони «Тоҷикистон имрӯз. Рушди ҷомеаи муосири рақамӣ, бизнес ва давлат. Тағйирёбии низоми бонкдорӣ ва тиҷорати пардохтӣ» доир гардид. Ба иттилои ҳамкорамон Малоҳат Тоҳирова дар ин бахш масъалаҳои рушди низоми рақамӣ, густариши технологияҳои муосир, рақамикунонии бахши хусусӣ ва тиҷорати электронӣ, инчунин имкониятҳои нави низоми бонкӣ ва пардохтӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаро Ҷаҳонгир Ҷалолов, раиси Ассотсиатсияи рушди рақамии Тоҷикистон, роҳбарӣ намуда, нахуст маърӯзаи Исфандиёр Яздонзода, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи платформаи маҷмӯии IT-Hub Dushanbe барои рушди экосистемаи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ пешниҳод гардид Сипас, маърузачиёни дигар аз ҷумла, Шоҳназар Холназарзода, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди соҳаи алоқаро то соли 2040 муаррифӣ намуд.
