Даъватномаҳои қалбакии сафар ба Россияро пайдо карданд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саодат Минбоева хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, гумонбар ба фурўши чиптаҳои ҳавопаймо машғул шуда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ҷиноятӣ қаллобиро содир намуд. Аз ҷумла, ӯ шаҳрванд “Н” –ро бовар мекунонад, ки бо дастрас намудани даъватнома барои табобат ворид шудани ӯ ва ҳамроҳонашро ба ҳудуди Федератсияи Россия таъмин менамояд ва бар ивази ҳар як даъватнома маблағи 4000 сомонӣ муайян намудааст. Ҳамин тавр, Минбоева бар ивази 16 000 сомонӣ ба муштариёни худ даъватномаҳоро додаасту дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Красноярски Федератсияи Россия зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо муайян гардидааст, ки даъватномаҳо барои табобат сохтакорона омода карда шуда, дар ин асос номбурдагон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонида шудаанд.

Агентӣ мегӯяд, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Минбоева С.И. бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “б,в” ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.