Имрӯз миёни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имкониятҳои сармоягузорӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон дар пешбурди савдои назди сарҳадӣ, “имкониятҳои сармоягузорӣ ва самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ ” аз тарафи бахшҳои хусусии ҳар ду ҷониб муаррифӣ гардид.
Ин иқдом дар доираи як форуми соҳибкорӣ бо иштироки вазири саноат ва ва техналогияи нав Шералӣ Кабир, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар, вазири нақлиёт Азим Иброҳим, вазири саноати Афғонистон Нимаи Аҳмад Файзи Ғорианӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол Қодирзода Саъдӣ, муовини аввали Вазорати рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашӯрбой, инчунин дигар намояндагони ду кишвар роҳандозӣ шуд.
Дар Форум, ҳамчунин муаррифоти видеоӣ оид ба имкониятҳои саноатии ҳар ду кишвар пахш гардид.