Қирғизистон аз иҷрои тавофуқномаҳои марзӣ сарпечӣ мекунад. Шарҳи матбуот (04-06-21)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон, раванди кунди музокироти марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ва  зарурати ислоҳоти фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар таваҷҷуҳ кардаанд.

“Садои мардум”

     Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 3 июн гузориши муфассале аз сафари расмии президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон нашр кардааст. Нашрия менависад, ки Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорат, маориф ва фарҳанг миёни ду кишвар,  баргузор гардид.

Зери «Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.

   Нашрия дар идома менависад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Покистон Имрон Хон, таъкид кард, ки Тоҷикистон кишвари дӯсти Покистонро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ дониста аз раванди тамосҳои сиёсии доимии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ва савияи кунунии эътимоди комил байни ду давлат, қаноатмандӣ аст.

“Ҷумҳурият”

      Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 2 июн дар мақолаи таҳлилие бо номи “Сабзӣ. Ҷаҳиши рекордии нархи он дар бозор.” сабабҳои асосии ин вазро баррасӣ кардааст. 

Ба навиштаи муаллиф сабаби асоси он аст, ки дар фасли тирамоҳ, қисми зиёди маҳсули дастранҷи деҳқонони навоҳии дурдасти кишвар аз сабаби набудани харидор ва шароити муносиб барои нигаҳдории маҳсулот талаф меёбад. Ба унвони мисол Маҳмаддовуд Сафаров, сардори хоҷагии деҳқонии «Ҳаким»-и ноҳияи Ҷайҳун ба ин нашрия гуфтааст:  “Соли гузашта дар масоҳати 1 гектар сабзии тирамоҳӣ кишт намудем. Ҳосил хуб шуд, бо аҳли хоҷагӣ 35 тонна сабзии хушсифат ҷамъоварӣ намудем. Мутаассифона, нархи ҳар кило сабзӣ ба 20 дирам фаромад, харидор наёфтем. Хулоса, қисми сабзӣ хӯроки чорво шуд ва қисми дигар пӯсида нобуд гашт.

     Ба хулосаи муаллиф масъалаи асосӣ дар дуруст ва аз рӯи дурнамо нақшбандӣ нашудани кишти маҳсулоти кишоварзӣ аст, зеро агар ҳамаи номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ тибқи талаботи солонаи аҳолӣ кишт гардад ҳам, сокинон ба мушкилии гаронии нарх мувоҷеҳ намегарданд ва ҳам деҳқонон зиён намебинанд.

“Фараж”

        Ҳафтаномаи “Фараж”  дар шумораи рӯзи 2 июн матлабе бо номи “сарҲАД” чоп карда, мавзуи таъсиси як иттиҳод миёни кишварҳои Осиёи марказиро матраҳ кардааст. Муаллиф бо ишора ба сафари ахири Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро пешниҳодоти чандинкаратаи аввалин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ин замина ҷомаи амал напушид. 

   Парвиз Мулоҷонов таҳлилгари масоили сиёсӣ ба нашрияи “Фараж” гуфтааст, сабаби аввал он аст, ки кишварҳои Осиёи марказӣ имокониятҳои кофии молӣ ва ҳарбӣ барои таъмини амнияти минтақа надоранд. Дувум ин кӣ  миёни Тошканд ва Остона барои раҳбарӣ дар минтақа ҳамеша рақобат вуҷуд дорад ва нияҳоят ин кӣ дигар кишвраҳои минтақа раҳбарии Тошканд ва ё Остонаро қабул намекунанд.

“Asia-Plus”

       Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 3 июн мақолае бо номи “Аз фикрашон гаштаанд?” савол гузоштааст, ки чаро тавофуқоти бадастомада дар марзи Қирғизистон иҷро намешаванд?

     Ба навишати муаллиф яке аз бандҳои тафоҳумномаи марзӣ бунёди роҳи мошингарди мустақим ба ҷамоати Ворух буд, аммо гуфта мешавад муовини вазири нақлиёти Қирғизистон рӯзи 1 июн барои ҳамоҳангсозии тарҳи сохтмони ин роҳ ба ҷаласа ҳозир нашудааст. Ба гуфтаи рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили минтақа Неъмат Мирсаидов ҷониби Қирғизистон чун гузашта музокиротро қасдан тул медиҳад то заминҳои баҳсиро амалн аз худ кунад.

      Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре масъалаи нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанберо баррасӣ карда, савол гузоштааст, ки барои пойтахт кадом навъи нақлиёти ҷамъиятӣ муносибтар аст? Ба навиштаи муаллиф ҳамарӯза ба сокинон ва меҳмонони пойтахт 340 автобус, 60 троллейбус, 1180 микроавтобус ва 1550 адад таксӣ хизмат мерасонанд.

    Муаллиф аз қавли бархе мусофирон навиштааст, ки камбудӣ дар фаъолияти автобус ва троллейбусҳо  ба риоя нашудани фосилаи ҳаракати онҳо ва мушкилоти доштани корти пардохти электронӣ барои меҳмонони пойтахт дониста мешавад. Микроавтобусҳои мусофирбар бошад бино бар иттилои БДА аз ҳама бештар  қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд.

“Тоҷикистон”

       Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 2 июн дар сармақолаи худ бо номи “Як қадам то депорт” ин саволро матраҳ кардааст, ки Русия чӣ гуна мушкилоти муҳоҷирони ғайриқонуниро ҳал мекунад?.   Нашрия ёдовар шудааст, ки муҳлати афви муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия рӯзи 15 июн ба поён мерасад ва ин афрод бояд буду боши худро дар қаламрави ФР қонунӣ кунанд, дар акси ҳол онҳо аз ин кишвар депорт карда мешаванд.

    Ин дар ҳолест, ки ба  навиштаи  муаллиф шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аз 11 млн нафар то қабл аз пандемия ба 6 млн нафар дар охири соли 2020 коҳиш ёфтааст. Гуфта мешавда айни замон норасоии коргарон дар соҳаи сохтмон дар Русия аз 40 то 50 дарсардро ташкил медиҳад.

  Аз сӯи дигар муаллиф таъкид мекунад, ки дар мавсими имсола баъди бозкушоии марзҳо муҳоҷирони меҳнатӣ бо як мушкили дигар – афзоиши бесобиқаи нархи билет рӯ ба рӯ шуданд, ки дар баъзе аз кишвраҳои минтақа аз 50 то 100 дарсад боло рафт.

“СССР”

    Ҳафтаномаи “СССР”  дар шумораи рӯзи 3 июн мақолае бо номи “Муаллими советӣ ва истиқлолият” нашр карда, навиштааст, ки айни замон муаллим шудан ба мисли хизмат дар сафи артиш қаҳрамонӣ аст, зеро аксари муаллимони ҷавон ба сабаби музди меҳнати ночиз, муҳоҷирати кориро бар касби пуршарафи омӯзгорӣ, тарҷеҳ медиҳанд.

     Муаллиф дар ин росто пешниҳод кардааст, ки маоши муаллимон ҳадди ақал то муодили 500-600 доллар бардошта шавад то чамши муаллим аз таъма, ришваву пора дур шавад ва онҳо сатҳи дониши атфолу наврасон ва ҷавононро боло баранд.        

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,

Радиои “Тоҷикистон”