Сироҷиддин Муҳриддин бо Энтони Блинкен суҳбати телефонӣ анҷом дод

1 июн суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Энтони Блинкен баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  медиҳад.

Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, вазъ дар минтақа ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) табодули афкор намуданд.

Ҳамсуҳбатон инчунин масъалаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС аз ВКХ ҶТ