Тағйирёбии иқлим ба эрозияи замин, коркарди агротехникӣ ва тухмӣ

Имрўзҳо таҳқиқоти олимон собит намудаст, ки дар пайи вайроншавии қабати озонии атмосфераи Замин резиши нурҳои ултрабунафш ба сатҳи сайёра зиёд ба чашм мерасад, ки ин омили аслии  камшавии ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва рўйи кор омадани ҳаргуна офати табиӣ мебошад.

Бино ба боварии Абулқосим Муъминов-сардори шуъбаи агрометереологии Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «имрўз кишоварзон баланд шудани ҳарорати ҳаво, боришоти шадид ва хушксолиро бараъло эҳсос мекунанд, ки ин ба тағйирёбии иқлим рабт дорад. Гузашта аз ин тағйирёбии иқлим барои барзгарон як қатор мушкилоти дигар, аз ҷумла пастгаштани ҳосилхезии замин, тағйир ёфтани муҳлати киштро низ ба бор овардааст».

Чӣ бояд кард то тағйирёбии иқлим ба амнияти озуқавории кишвар таъсири амиқ нагузорад?

Дар ин самт ҳамсуҳбати мо коршинос Абулқосим Муъминов истифодаи усулҳои нав-аз ҷумла технологияи муосир ҳангоми коркарди агротехникаи парвариш дар ҳамин шабу рўз пешниҳод менамояд. Ў мегўяд, танҳо бо ин усул метавон таъсири тағйирёбии иқлимро то андозае коҳиш дод.

Ҳамсуҳбати дигари  мо Муродалӣ Шамшеров-корманди Маркази миллии ҷумхҳриявии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон боварӣ дорад, ки ба даст овардани ҳосили баланд метавонад, роҳи ҳали мушкилот бошад, аммо ҳосилнокии баланди зироатҳои кишоварзӣ дар баробари корҳои агротехникӣ аз сифати тухмиҳо низ вобастагӣ дорад. Яъне, тухмии хушсифат барои ба даст овардани ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад. Ин коршинос истифодаи тухмиҳои ватаниро дар шароити тағйирёбии иқлим салоҳи кор медонад.

Ба ақидаи коршинос Абулқосим Муъминов дар шароити кунунӣ деҳқононро мебояд, ки бо олимон ҳамкории зич дошта бошанду аз навъҳои тухмиҳое истифода кунанд, ки  ба камборишӣ ва хушксолӣ навъҳои нави ба гармӣ тобовари дилхоҳ зироатро ба даст оранд. «Тақвият додани кишти такрориву истифодаи тухмиҳои маҳаллӣ метавонад, то андозае хисороти тағйирёбии иқлимро коҳиш дода, бозори истеъмолии кишварро бо маҳсулот таъмин намояд” -мегўяд, Муродалӣ Шамшеров корманди Маркази миллии чумхуриявии захирахои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.

Дар шароити кунунӣ, ки таъсири тағйирёбии иқлим бармало мушоҳида мешавад, самаранок ва оқилона истифода бурдани замин ҳангоми кишти такрорӣ аз шартҳои  аслист.  Коршинос Муродалӣ Шамшеров ҳангоми кишти такрорӣ истифодаи лубиёи сафедро аз чанд ҷиҳат нофеъ медорад. Ба ақидаи ў қабл аз ҳама аз фурўши лўбиёи сафед, деҳқон нафъи бешумор ба даст меорад, зеро талабот ба ин маҳсулот дар бозори истеъмолӣ зиёд асту истеҳсолот кам. Сониян кишти зироати лубиёӣ, алалхусус лўбиёи сафед таркиби ғизоии хокро меафзояд.

Воқеан ҳам чорасозии кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа метавонад, барои бартарафсозии ҳолати ногувори баамаломада мусоидат намояд. Ба ибораи дигар агар замин,об, иқлими табиат ва дастовардҳои илмии олимони соҳа самаранок истифода шавад, ҳамагуна мушкилот бартараф мегардад.

Муродулло Раҳимов

радиои «Тоҷикистон»