Иловаи муҳлати ҷазо ба шарики ҷиноятии Хуҷа Каримов

9 феврали соли 2021 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Рустам Ҷаборов аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 солу 6 моҳро таъин кардааст.

Ба навиштаи сомонаи Прокуратураи генералӣ, Ҷаборов Р. дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 74, 104 банди “г” ва 221-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) пешбинишуда гунаҳгор ҳисобида мешавад. Вале, баъди ҷамъбаст гардидани мурофиаи судӣ Рустам Ҷаборов бо ҳиссиёти авбошӣ дар ҳузури кормандони тавқифгоҳи тафтишотӣ, сарбозони қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони дар маҷлиси судӣ иштирокдошта 15 дакиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, ҷабрдида Қаюмова Ш.-ро дашному ҳақоратҳои қабеҳ ва таҳдиди истифодаи зуроварӣ намудааст.

Ҳамин тавр, «бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 18 майи соли 2021 судшаванда бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯйи маҷмӯи ҳукмҳо ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол дар колонияи ислоҳии низамаш сахт таъин карда шудааст»,-менависад манбаъ.

Бояд гуфт, ки аз 15 декабри соли 2020 то 9 феврали соли 2021 дар тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/1 СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Каримов Хуҷа, Ҷаборов Р.С. ва дигар шарикони ҷиноятиашон – Ғаниев И.Қ., Кенҷаев А.Ҳ. ва Раҷабов Р.Р. дар содир намудани ҷиноятҳои касдона мавриди баррасӣ карор дода шудааст.