Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сибирь» ва «Северный ветер»-ро барои гарон фурӯхтани чиптаҳо манъ кард.
Ба иттилои директори агентӣ Икром Субҳонзода ин ниҳод онҳоро огоҳ карда буд, ки агар нархи чиптаҳои ҳавопайморо паст накунанд, парвозҳоро лағв менамояд. Аммо ширкатҳо протоколро имзо када, шартҳои онро ба иҷро нарасонидаанд. Қатъи парвозҳои ширкатҳои русиро Субҳонзода танҳо барои ҳимояи манфиатҳои мусофирон арзёбӣ кардааст.
Ба навиштаи “Ховар” Агентии авиатсияи гражданӣ бо чаҳор ширкати ҳавопаймоии Россия — «Уральские авиалинии», «Ютэйр», «Сибирь» ва «Северный ветер» — арзиши чиптаҳо аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Россияро мувофиқа карда буд. “Ҳамин тавр, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки нархи чиптаи ҳавопаймо набояд аз 8500 сомонӣ зиёд бошад. Аммо, бисёре аз мусофирон шикоят мекунанд, ки арзиши он ба 15 ҳазор сомонӣ расидааст ва чиптаҳо дар ширкатҳо дар давоми ду моҳ харида мешаванд”,-менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки «Сибирь» ва «Северный ветер» метавонанд парвозҳоро аз сар гиранд, агар онҳо адолат нишон дода, арзиши чиптаҳоро бо мувофиқаи ҷонибҳо муқаррар кунанд.