ЯКЕ АЗ ЧЕҲРАҲОИ ШИНОХТАИ ФУТБОЛИ ТОҶИК ВАЛЕРИЙ ТУРСУНОВ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ

Футболи Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои маъруфи худро аз даст дод. Ҳамлагари собиқи дастаи «Помир»-и Душанбе ва собиқ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Турсунов дар синни 72-солагӣ дар шаҳри Москва аз олам чашм пӯшид.

Валерий Турсунов аз бозигарони муваффақи таърихи дастаи «Помир» ба шумор мерафт. Ӯ солҳои 1974–1988 дар ҳайати ин даста дар лигаи якуми Иттиҳоди Шӯравӣ ҳунарнамоӣ карда, дар 542 бозӣ ба майдон баромада, 173 гол ба самар расонидааст.

Баъд аз анҷоми фаъолияти худ дар «Помир», Турсунов дар бошгоҳҳои австриягии «Аустрия» ва «Клопайнерзее» низ бозӣ кардааст.

Ӯ баъдан ба рушди футболи миллӣ рӯ оварда, дар солҳои 1996–2013 бо танаффус вазифаи ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро бар уҳда дошт ва дар пешрафти соҳаи футбол саҳми назаррас гузошт.