Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022 «Дар бораи эълон намудани солҳои 2022–2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат», Нақшаи чорабиниҳо ва нақшаи иловагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ оид ба эълон намудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» дар ноҳияи Фирдавсӣ бо фарогирии 28 чорабинӣ ба тасвиб расонида шудааст.
Аз ҷониби масъулин чораҳои амалӣ андешида шуда, аз 29 чорабинии дар давоми 5 сол пешбинишуда 27 чорабинӣ амалӣ гардидааст, ки ин 93,0 фоизи иҷрои нақшаи панҷсоларо дар бар мегирад.
Тавре дар ин хусус аз МИҲД-и ноҳияи мазкур иттилоъ доданд, мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ва нақшаи иловагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ба истифода додани 8 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо таъсиси 1005 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шудааст. Айни замон дар самти бунёд, азнавсозӣ ва воридоти таҷҳизоти нави истеҳсолӣ корҳо бо маром идома дошта, зери назорати масъулини соҳа қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки мувофиқи маълумоти расмии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар моҳҳои январ–июни соли 2026 дар ноҳияи Фирдавсӣ 225 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, ба маблағи 970,1 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 85,7 млн сомонӣ ё ба андозаи 9,6 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин давра 10 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ расман ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби онҳо беш аз 67 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
О. Шарипова
Радиои Тоҷикистон
