Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ихтисоси нави «Психологияи варзиш»-ро роҳандозӣ кардааст.
Ба иттилои роҳбарияти донишкада, ин ихтисос аллакай расман ба қайд гирифта шуда, довталабон метавонанд барои соли таҳсили 2026–2027 тавассути Маркази миллии тестӣ аз рӯи он ҳуҷҷат супоранд.
Таъсиси ин ихтисос дар доираи мутобиқ намудани низоми таҳсил ба талаботи бозори меҳнат амалӣ шудааст.
