Раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки айни замон дар шаҳри Кӯлоб 79 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият намуда, зиёда аз 91 номгӯӣ маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол мекунанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 як корхонаи истеҳсоли хишти бинокорӣ ҶДММ «Имрони Искандар» мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, дар дохили корхонаи оби ҷав ва нушокиҳои ташнашикан ҶДММ «Авранг» — и шаҳр як коргоҳи нави истеҳсоли меваю сабзавот бо иқтидори 120 тонна дар як сол бо таъсиси 15 ҷойи нави корӣ ташкил гардида, дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҳамзамон бо шарикони рушд дар заминаи ҶСК «Хисача» коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода мешавад, ки ҳангоми дар марҳилаи аввал ба фаъолият оғоз намудан 50 нафар занон ва баъдан 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд, — гуфт раис.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ним сол ба 275,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 46,2 миллион сомонӣ зиёд буда, рушди соҳаи саноат 120 фоизро ташкил дод.
Изҳор гардид, ки кишоварзони шаҳри Кӯлоб дар шаш моҳи соли 2026 истеҳсоли махсулоти кишоварзиро ба 524 миллиону 85 ҳазор соомнӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 49 миллиону 715 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра майдони 7947 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 372 гектар зиёд аст.
