Манижа Сангин ба сегонаи беҳтаринҳо ворид гашт. ВИДЕО

Манижа Сангин дар ҳайати даҳгонаи даври аввали ниманиҳоии “Евровидение – 2021” ба даври ниҳоии ин Озмун роҳ ёфт.

Шаҳрванди тоҷиктабори Россия бо суруди “Russian Woman” (зани рӯс) ҳунарнамоӣ карда, дар сегонаи аввалин овозхонҳое ворид гардид, ки ба “финал” роҳ ёфтанд. Дар қатори ӯ намояндагони Норвегия, Исроил, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина низ роҳхат гирифтаанд.

Бояд гуфт, ки даври нимниҳоии дуюми «Евровидение-2021» рӯзи панҷшанбе, 20 май ва марҳилаи ниҳоии «Евровидение-2021» рӯзи шанбе, 22 май баргузор мегардад. Дар маҷмӯъ, дар даври дуввуми нимниҳоӣ намояндагони 17 кишвар ширкат меварзанд, ки танҳо даҳ сароянда ба марҳилаи ниҳоӣ (финал) мебароянд. Дар «финал» бошад, 26 нафар – 20 нафари дар ду даври нимниҳоӣ интихобшуда, намояндаи Ҳолланд — кишвари мизбони озмуни 65-ум ва панҷ нафар иштирокчиён аз кишварҳои бунёдгузори “Евровидение” (Британияи Кабир, Германия, Италия, Испания ва Франсия) барои пирӯзӣ мубориза мебаранд.

Марҳилаи ниҳоии «Евровидение-2021» рӯзи шанбе, 22 май баргузор мегардад. 26 нафар довталабон барои пирӯзӣ мубориза мебаранд: 20 нафари дар ду даври нимниҳоӣ интихобшуда, намояндаи Ҳолланд — кишвари мизбони озмуни 65-ум ва панҷ нафар иштирокчиён аз кишварҳои бунёдгузори “Евровидение” (Британияи Кабир, Германия, Италия, Испания ва Франсия).

65-умин Озмуни байналмилалии “Евровидение”-ро метавон тавассути Шабакаи якуми Телевизиони Россия ва сомонаи www.1tv.ru мустақиман тамошо кард.