Ба Шоҳҷоиза сазовор гадидани китоби «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалии “Санъати китоб”, ки дар шаҳри Минск — пойтахти Белорус доир гардид, яке дастоварди муҳим дар соҳаи фарҳанг ба шумор меравад. Ба иттилои директори Нашриёти “Адиб” Раҳмоналӣ Мирализода ба ин озмун асосан, кишварҳое, ки аъзои ИДМ мебошанд, иштирокчӣ буда, тамоми китобҳое, ки дар соли 2025 дар ҳудуди кишварашон аз чоп баромадааст, пешниҳод сохтанд. Аз ҷониби Тоҷикистон ба ин озмун дар баробари чанд китоби тозанашр «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 чоп ва ба ҳар хонадони тоҷик ҳадя гардида буд, пешниҳод гардид. Раҳмоналӣ Мирализода мегӯяд, ки ҳакамони озмун ҳангоми азназаргузаронии китобҳо ба сифати чопи он ва мазмуну муҳтавое, ки дар шарҳи он омадааст, таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.
Китоби Шоҳнома бо вуҷуди рақобати ҷиддӣ доштан барои шоҳҷоиза ба ҳакамон таассуроти амиқ гузошт, ки ҳама якдилона онро лоиқи Шоҳҷоиза донистанд. Ба маълумоти масъулини Нашриёти “Адиб” интизор меравад, ки эҳдои ҷоизаҳо санаи 4-уми сентябри соли равон дар шаҳри Москва доир шавад, ва намояндагони Тоҷикистон ба он даъват шуда, шоҳҷоиза ба онҳо тақдим мегардад.
М. Тоҳирова
