КАРАТЕЧИЁНИ ТОҶИК БО СЕ МЕДАЛ АЗ ҚАҲРАМОНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БАРГАШТАНД

Варзишгарони тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон дар Қаҳрамонии 11-уми каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, се медал – ду тилло ва як нуқра ба даст оварданд.

Тибқи иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кило ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кило бар ҳамаи рақибонашон ғолиб омада, сазовори медалҳои тилло гардиданд. Махсатулло Муминов низ дар вазни то 55 кило ҳунарнамоии хуб нишон дода, медали нуқраро соҳиб шуд.

Дар ин мусобиқа ҳудуди 500 варзишгар аз шаш кишвари Осиёи Марказӣ ва минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон иштирок карданд. Қувваозмоиҳо дар бахшҳои ката ва кумитэ миёни гурӯҳҳои гуногуни синну сол баргузор гардиданд.

Ба гуфтаи масъулини тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, ин натиҷа нишон медиҳад, ки сатҳи омодагии варзишгарони тоҷик рӯ ба беҳбудӣ дорад. Ҳамчунин, чунин мусобиқаҳо барои соҳиб шудани таҷрибаи байналмилалӣ ва омодагӣ ба рақобатҳои сатҳи баланд заминаи мусоид фароҳам меоранд.