КРИОСФЕРА ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ: ТАҲДИДҲО ВА РОҲҲОИ МУТОБИҚШАВӢ

Аз ҳифзи пирях то ҳифзи тамаддун: криосфера оинаи ояндаи башарият аст.

Дар даҳсолаҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба табиат ба яке аз муҳимтарин мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Яке аз қисматҳои хеле ҳассоси системаи иқлим — криосфера мебошад. Криосфера дар танзими ҳарорати замин, захираҳои оби тоза ва устувории экосистемаҳо нақши муҳим мебозад.

Бо афзоиши ҳарорати миёнаи глобалӣ криосфера босуръат тағйир меёбад, ки ин раванд ба муҳити зист, иқтисодиёт ва ҳаёти инсон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, омӯзиши таҳдидҳо ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба криосфера аҳаммияти бузурги илмӣ ва амалӣ дорад.

Вобаста ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи ҳифзи криосфера ва пиряхҳоро ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ табдил додааст. Аз ҷумла, зимни ироаи Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат махсусан масъалаи омӯзиши пиряхҳоро яке аз самтҳои муҳимми илмӣ ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо номидаанд. Ин аст, ки соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» эълон гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар замоне ки тағйирёбии иқлим аз доираи баҳсҳои илмӣ гузашта, ба яке аз масъалаҳои сарнавиштсози инсоният табдил ёфтааст, ҳар қатраи об ва ҳар қабати ях арзиши стратегӣ пайдо мекунад. Дар чунин фазои ҷаҳонӣ, бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2025-2034-ро «Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосфера» эълон намуд, ки саҳифаи наверо дар таърихи омӯзиши муҳити зист боз намуд. Ин иқдом ба таҳкими ҳамкории илмӣ, мониторинги пиряхҳо ва рушди тадқиқоти глятсиологӣ равона гардидааст. Ҳамзамон, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъсири обшавии пиряхҳо ба болоравии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ва ноустувории низоми гидрологӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Инчунин, баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар шаҳри Душанбе бори дигар мақоми Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ намуд. Ин гуна иқдомҳо барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳифзи захираҳои обӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум заминаи устувор мегузоранд.

Аз ин лиҳоз пиряхҳо танҳо захираи ях нестанд, онҳо махзани стратегии оби ширин ва танзимгари мувозинати иқлимӣ мебошанд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, криосфера ҳамчун «қалби обии минтақа» амал мекунад. Аммо таҳқиқоти муосир нишон медиҳанд, ки суръати таназзули пиряхҳо ба марҳилаи бесобиқа ворид шудааст.

Ин раванд на танҳо боиси коҳиши захираҳои обӣ мегардад, балки тавозуни экологӣ, амнияти озуқаворӣ ва суботи иқтисодии миллионҳо одамонро зери таҳдид қарор медиҳад. Аз ин рӯ, мониторинги пайвастаи криосфера ба вазифаи стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Криосфера мисли оинаи ҳассос аст: ҳар тағйироти хурди ҳарорат дар он бузург инъикос меёбад. Яхҳо нурҳои офтобро бозпас ба кайҳон мепартоянд, барфҳо сатҳи заминро хунук нигоҳ медоранд ва пиряхҳо ҷараёни обро танзим мекунанд.

Агар ин оина шикаста шавад, симои иқлими замин низ норавшан мегардад.

Имрӯз криосфера дар рӯ ба рӯи яке аз бузургтарин имтиҳонҳои таърих қарор дорад. Гармшавии иқлим мисли оташи суст, вале пайваста, ин ҷаҳони яхиро танг мекунад.

Бо вуҷуди пешрафти илм, низоми мониторинг ва идоракунии криосфера ҳанӯз бо як қатор мушкилоти сохторӣ рӯ ба рӯ мебошад.

— Маълумот оид ба пиряхҳо аксаран дар пойгоҳҳои гуногун нигоҳдорӣ шуда, ҳамгироии онҳо маҳдуд аст. Ин ҳолат ба ташаккули тасвири воқеии тағйироти криосфера монеа мегардад.

— Камбуди платформаҳои пешгӯии интеллектуалӣ аксари кишварҳо то ҳол аз усулҳои анъанавии таҳлил истифода мебаранд. Дар ҳоле ки моделҳои сунъии зеҳнӣ, таҳлили маълумоти бузург ва системаҳои рақамии иқлимӣ метавонанд раванди пешгӯиро дақиқтар намоянд.

— Имрӯз идоракунии криосфера танҳо масъалаи география ё гидрология нест. Он донишҳои иқлимшиносӣ, иқтисоди сабз, ҳуқуқи байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ ва технологияҳои рақамиро талаб мекунад.

Дар шароити гармшавии глобалӣ, обшавии босуръати криосфера ба болоравии сатҳи уқёнусҳо, тағйироти ҷараёнҳои уқёнусӣ ва афзоиши офатҳои табиӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, омӯзиши криосфера имрӯз ба як самти стратегӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо олимон, балки сиёсатмадорон ва ҷомеаи ҷаҳониро муттаҳид месозад.

Омӯзиши криосфера танҳо мушоҳидаи яхҳо нест, балки таҳлили мураккаби равандҳои физикӣ, химиявӣ ва иқлимӣ мебошад. Дар ин ҳолат истифодаи дурусти технологияҳои муосир — моҳвораҳо, моделсозии рақамӣ ва сенсорҳои дурдаст — имконият медиҳанд, ки тағйироти хурдтарин дар сохтори яхҳо ошкор карда шаванд.

Аммо муҳимтар аз техника, тафаккури ҳамгиро ва бисёрсоҳавист. Зеро криосфера сарҳад надорад. Обшавии як пирях дар як кишвар метавонад ба сатҳи об дар қитъаи дигар таъсир расонад.

Бинобар ин маълум менамоям, ки дар Осиёи Марказӣ кӯҳҳои Помир, Тиёншон ва Ҳисор ҳамчун манбаи асосии криосфера хизмат мекунанд. Ин минтақаҳоро метавон «манораҳои обии Осиё» номид, зеро беш аз нисфи оби дарёҳои бузурги минтақа аз ҳисоби обшавии пиряхҳо ба вуҷуд меояд.

Криосфераи Осиёи Марказӣ имрӯз дар марҳилаи ҳалкунанда қарор дорад. Пиряхҳо тадриҷан симои анъанавии худро аз даст медиҳанд ва ин раванд ояндаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣи минтақаро муайян хоҳад кард. Аммо ҳар як буҳрон дар худ имконияти нав низ дорад. Пешрафти илм, технологияҳои мониторинг, ҳамкории байналмилалӣ ва фарҳанги нави истифодаи об метавонанд минтақаи моро ба намунаи мутобиқшавии устувор табдил диҳанд.

Ояндаи Осиёи Марказӣ аз нафт, газ ё маъданҳо бештар ба сарнавишти ях вобаста аст. Агар мо имрӯз «қалъаҳои яхин»-и кӯҳистонро ҳифз намоем, фардо амнияти обӣ, иқтисодӣ ва инсонии миллионҳо нафар таъмин хоҳад шуд. Зеро дар ҳар қатраи обе, ки аз пирях сарчашма мегирад, на танҳо захираи табиат, балки ояндаи тамаддуни минтақа нуҳуфтааст.

Дар ин росто бояд гуфт, ки яке аз равандҳои марказии тағйироти криосфера – обшавии пиряхҳо ба шумор меравад. Ин раванд дар назари аввал “афзоиши муваққатии об” ба назар мерасад, вале дар асл як парадокси хатарнокро пинҳон мекунад.

Дар марҳилаи аввал, дарёҳо серобтар мешаванд, сатҳи об баланд мегардад ва ҳатто захираҳои кӯтоҳмуддат зиёд менамоянд. Аммо ин “фаровонии фиребанда” дер давом намекунад. Вақте пиряхҳо коҳиш меёбанд, манбаи асосии ғизодиҳии дарёҳо заиф мегардад ва дар оянда хушксолӣ ба як воқеияти доимӣ табдил меёбад.

Ин падида метавонад ба “нестшавии дарёҳои пиряхӣ” оварда расонад — ҳолате, ки дарёҳо дигар на аз захираҳои доимӣ, балки аз милодҳои хотирмон ва маҳдуди оби боқимонда вобаста мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки криосфера, ки ба системаи глобалии иқлим таъсири калон дорад, дар даҳсолаҳои охир ба таври бесобиқа коҳиш ёфтааст, ки ин нишонаи равшани гармшавии глобалӣ мебошад. Хадамоти ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо таъкид мекунад, ки талафоти массаи пиряхҳо дар Арктика ва Гренландия ба 40-50 % нисбат ба 10 соли пешин расидааст, ки ба болоравии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ва тағйироти гардиши атмосфера таъсири мустақим дорад. Ҳамзамон, арзёбиҳои Шӯрои байниҳукуматии тағйирёбии иқлим нишон медиҳанд, ки коҳишёбии албедои сатҳҳои ях ва барф метавонад то соли 2050 суръати гармшавиро дар минтақаҳои соҳилӣ ва кӯҳӣ то 1,5-2 °C афзоиш диҳад.

Ин раванд метавонад ҳаёти садҳо миллион нафарро дар ҷаҳон таҳти хатар қарор диҳад. Вобаста ба ин, таҳдидҳои асоси ба криосфера ин: — баланд шудани ҳарорати ҳаво сабаби обшавии босуръати пиряхҳо мегардад; — Кам шудани ҳаҷми барф ва ях дар минтақаҳои кӯҳӣ ва қутбӣ; — Кам шудани манбаи оби тоза барои дарёҳо; — Хатари сел ва обхезиҳои ногаҳонӣ аз кӯлҳои пиряхӣ; — Озод шудани газҳои гулхонаӣ, ки гармшавиро боз ҳам зиёд мекунад; — Харобшавии инфрасохтор дар минтақаҳои сард; — Аз байн рафтани муҳити зисти намудҳои ба сармо мутобиқшуда; — Ихтилоли занҷири ғизоӣ дар минтақаҳои қутбӣ;- Болоравии сатҳи баҳр; — Обшавии яхҳои қутбӣ боиси баланд шудани сатҳи уқёнусҳо мегардад.

Барои ин мутобиқшавӣ ба криосфера зарур аст, ки ин танҳо як амал нест — ин як «фалсафаи ҳамзистӣ бо табиат» мебошад. Аз ин рӯ, роҳҳои мутобиқшавӣ ба криосфера ин: гузариш ба энергияи офтобӣ, бодӣ ва обӣ; — Кам кардани сӯзишвории нафту газ; — Рушди нақлиёти барқӣ; — Баланд бардоштани самаранокии энергия дар хонаҳо ва корхонаҳо; — Истифодаи моҳвораҳо барои назорати пиряхҳо; — Пешгӯии обшавӣ ва селҳои пиряхӣ; — Эҷоди системаи огоҳсозии барвақтӣ; — Сохтани обанборҳо барои нигоҳдории оби пиряхӣ; — Истифодаи об дар кишоварзӣ бо усули қатрагӣ; — Пешгирии талафи об дар шабакаҳо; — Сохтани биноҳо бо таҳкурсии устувор дар замини пермафрост; — Тақвияти роҳҳо ва пулҳо дар минтақаҳои сард; — Нақшагирии шаҳрҳо бо назардошти хатари обшавӣ; — Таъсиси минтақаҳои муҳофизатшаванда дар Арктика ва кӯҳистон; — Кам кардани ифлосшавии ҳаво ва об; — Ҳифзи гуногунии биологӣ; — Баланд бардоштани сатҳи дониш дар бораи тағйирёбии иқлим; — Барномаҳои омӯзишӣ дар мактабҳо; — Ҷалби ҷомеа ба ҳифзи табиат; — Шартномаҳои глобалӣ оид ба иқлим (масалан, Созишномаи Париж); — Мубодилаи технологияҳои экологӣ; — Кӯмак ба кишварҳои осебпазир.

Бино бар ин мутобиқшавии дарозмуддатӣ, ки ба ояндаи дур нигаронида шудааст ин: таҳияи стратегияҳои 50 -100 сола пешгӯии тағйироти сатҳи баҳр омодагӣ ба муҳоҷирати экологӣ рушди шаҳрҳои “сабз”

Инсоният метавонад қисми криосфераро ҳифз намояд, аммо на ҳама тағйиротро боздошта метавонад. Бинобар ин, вазифаи асосӣ танҳо ҳифз ё танҳо мутобиқшавӣ нест, балки ҳамзамон амалӣ намудани ҳар ду стратегия мебошад. Ҳифз барои коҳиш додани талафот ва мутобиқшавӣ барои омодагӣ ба ояндаи тағйирёбанда зарур аст. Ин ду раванд якдигарро пурра мекунанд ва танҳо дар якҷоягӣ метавонанд таъсири тағйирёбии иқлимро коҳиш диҳанд.

Криосфера дигар танҳо маҷмӯи пиряхҳо нест; он рамзи амнияти обӣ, суботи экологӣ ва рушди устувори башарият мебошад. Дар шароити афзоиши таҳдидҳои иқлимӣ идоракунии он бояд аз сатҳи назорати анъанавӣ ба сатҳи меъмории нави донишбунёд гузарад.

Ояндаи криосфера ба се рукни асосӣ такя мекунад: илм, технология ва ҳамкории минтақавӣ. Бидуни ин се унсур ҳифзи захираҳои яхии сайёра ғайриимкон мегардад.

Асри XXI метавонад асри рақобат барои об бошад, аммо бо ташаккули механизмҳои нави илмӣ ва сиёсати оқилонаи минтақавӣ онро метавон ба асри ҳамбастагии криосферӣ табдил дод. Маҳз дар ҳамин ҳолат пиряхҳо на танҳо мероси табиат, балки мероси умеди инсоният барои фардои устувор хоҳанд шуд.

Имрӯз криосфера ба як оинаи равшани сарнавишти сайёра мубаддал шудааст. Ҳар тағйироте, ки дар пиряхҳо ба амал меояд, дар асл инъикоси муносибати инсоният ба муҳити зист мебошад. Густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои арзёбии ҳолати криосфера, моделсозии иқлим, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ на танҳо талаботи илмӣ, балки масъулияти ахлоқии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Ояндаи амн аз ҳамбастагии дониш, ирода ва амал сарчашма мегирад. Агар имрӯз барои ҳифзи криосфера муттаҳид шавем, фардо на танҳо пиряхҳо, балки худи тамаддуни инсонӣ низ ҳифз хоҳад шуд.

Бинобар ин криосфера имрӯз дигар танҳо як падидаи ҷуғрофӣ нест; он як нишондиҳандаи ҳассоси саломатии сайёра мебошад. Обшавии он паёме аст, ки табиат ба инсоният мефиристад паёми нозук, вале ҷиддӣ.

Агар мо криосфераро ҳамчун системаи зиндаи танзимкунандаи об дарк кунем, пас ҳифзи он маънои ҳифзи худи ҳаётро дорад. Зеро ҳар қатраи оби имрӯз, аз сукути яхҳои дирӯза таваллуд мешавад.

Криосфера имрӯз на танҳо объекти омӯзиш, балки майдони ҳамзистии илм, технология ва масъулияти инсонӣ мебошад. Ҳар як тағйироти он огоҳӣ аст, ҳар як обшавии он савол аст, ва ҳар як таҳқиқи нав кӯшиши посух додан ба сарнавишти замин аст.

Омӯзиши криосфера калиди дарки тағйироти глобалӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ мебошад. Дар ин роҳ, ҳамкориҳои байналмилалӣ мисли пуле ҳастанд, ки илм, сиёсат ва ҷомеаро ба ҳам мепайванданд.

Танҳо дар сурати ҳамбастагӣ, ҳамфикрӣ ва масъулияти муштарак метавонем ин ганҷинаи сардро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда сайёраи муътадил ва зеборо ба мерос гузорем.

ПЕШНИҲОДҲО

А). Пешниҳоди камина барои ҳифзи криосфера ва тағйирёбии иқлим: таҳдидҳо ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба маврид ва саривақти мебошад.

1. Бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта Тоҷикистон дар омӯзиш ва назорати криосфера қадамҳои муҳим гузоштааст. Аз ин лиҳоз олимон ва муҳаққиқон бо истифода аз усулҳои муосир: харитаи пиряхҳоро азнавсозӣ кунанд, бо истифода аз аксҳои моҳвораӣ тағйироти яхҳоро таҳлил намоянд, истгоҳҳои гидрометеорологӣ таъсис диҳанд, моделҳои пешгӯии обшавии пиряхҳоро таҳия созанд.

Ин дастовардҳо на танҳо илмӣ, балки стратегӣ низ мебошанд, зеро об сарвати асосии ояндаи минтақа аст.

2. Ҳеҷ кишваре наметавонад танҳо бо имкониятҳои худ ҳамаи ҷанбаҳои криосфераро ҳал намояд. Аз ҳамин сабаб, ҳамкории байналмилалӣ ба унсури калидии рушди илмҳои криосферӣ табдил ёфтааст. Бинобар ин аз имкониятҳои лоиҳаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, Ҳимолой ва Қафқоз истифода бурда, шабакаи муштараки мониторинги пиряхҳо таъсис дода шавад; маълумоти иқлимӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муқоиса гардад; усулҳои навини моделсозии обшавии пиряхҳо таҳия шаванд ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта ба минтақаҳо интиқол ёбад.

Ин ҳамгироӣ инчунин ба таҳкими дипломатияи илмӣ мусоидат мекунад, ки дар он илм ҳамчун воситаи ҳамкории сулҳомез байни давлатҳо амал мекунад.

3. Барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи криосфера зарур аст, ки механизми нави илмӣ ҷорӣ карда шавад, ки онро метавон Консепсияи нави илмӣ: «Экосистемаи рақамии криосфера» номид. Консепсияи мазкур унсурҳои зеринро бояд дар бар гирад: тавассути моҳвораҳо, сенсорҳои автоматикӣ ва шабакаҳои интеллектуалии мушоҳидавӣ чен намунад; таҳияи харитаҳои интерактивӣ, ки тағйироти ҳаҷм ва ҳолати пиряхҳоро дар вақти воқеӣ нишон медиҳанд; сохтани алгоритмҳое, ки метавонанд суръати обшавӣ, хатари кӯлҳои пиряхӣ ва сенарияҳои ояндаро пешбинӣ намоянд ва ташкили махзани ҷаҳонии маълумот барои нигоҳдории иттилооти илмӣ дар бораи пиряхҳо зарур аст.

Ин равиш идоракунии криосфераро аз сатҳи мушоҳида ба сатҳи идоракунии пешгӯишаванда мегузаронад.

4. Пиряхҳо сарҳад намешиносанд. Оби онҳо аз як кишвар сарчашма гирифта, ба кишварҳои дигар мерасад. Аз ин рӯ идоракунии криосфера наметавонад танҳо масъалаи дохилии як давлат бошад.

Дар ин замина мафҳуми нави «дипломатияи пирях ва тағирёбии иқлим» — ро пешниҳод мекунам, ки аҳамияти махсус пайдо мекунад. Дипломатияи пирях ва тағирёбии иқлимро метавон маҷмӯи механизмҳои ҳамкории байнидавлатӣ номид, ки барои ҳифз, мониторинг ва истифодаи оқилонаи захираҳои яхӣ равона хоҳад шуд. Самтҳои асосии онро метавон чунин тартиб дод ки ин таъсиси марказҳои муштараки илмӣ, мубодилаи маълумоти гидрометеорологӣ, таҳияи стандартҳои ягонаи мониторинг, маблағгузории муштараки лоиҳаҳои илмӣ ва ташкили фонди минтақавии ҳифзи пиряхҳоро дарбар мегирад.

5. Зарур мешуморам, ки модели «Паймони криосферии Осиёи Марказӣ» таъсис дода шавад. Ҳадафи асосии он: табдил додани криосфера ба фазои ҳамкорӣ, на рақобат аст. Паймони мазкур вазифаҳои зеринро аз қабили ҳамоҳангсозии сиёсати яхшиносӣ, ташкили шабакаи ягонаи мониторинг, пешгирии хавфҳои гидрологӣ, ҷалби сармояи байналмилалӣ ва рушди иқтисоди сабзи кӯҳиро метавонад иҷро намояд.

Дар доираи чунин механизм минтақа метавонад ба яке аз марказҳои ҷаҳонии омӯзиши криосфера табдил ёбад.

6. Дурнамо: миёни хатар ва имконият барои он ки ояндаи криосфераи Тоҷикистон дар нуқтаи интихоб қарор дорад: ё мутобиқшавӣ ва идоракунии оқилона, ё суръат гирифтани таназзул аст. Дар ин ҳолат самтҳои муҳими зерин аз қабили рушди мониторинги рақамии пиряхҳо, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иқлим,  истифодаи технологияи сабз, баланд бардоштани огоҳии ҷомеа ва ҳифзи минтақаҳои баландкӯҳ ҳамчун мероси табиӣ зарур аст.

Агар илм бо сиёсати дуруст ҳамсадо гардад, криосфера метавонад қисман устувории худро нигоҳ дорад.

7. Криосфера яке аз муҳимтарин ҷузъҳои низоми иқлимии замин аст. Пиряхҳо ва яхбандҳо на танҳо захираи бузурги оби ширин мебошанд, балки ҳарорати сайёраро низ танзим мекунанд. Бо зиёд шудани газҳои гулхонаӣ ҳарорати миёнаи замин боло меравад ва суръати обшавии пиряхҳо меафзояд. Агар ин раванд идома ёбад, бисёр минтақаҳо бо норасоии об, зиёдшавии хатари селҳо ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Аз як тараф, инсоният ҳанӯз имконият дорад қисми назарраси криосфераро ҳифз кунад. Барои ин коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи ҷангалҳо ва рушди иқтисоди сабз зарур аст.

8. Барои кишварҳои кӯҳӣ, махсусан Тоҷикистон, масъалаи криосфера боз ҳам муҳимтар аст. Пиряхҳо манбаи асосии об барои аҳолӣ, кишоварзӣ ва энергетика мебошанд. Аз ин рӯ, ҳам ҳифзи пиряхҳо ва ҳам мутобиқшавӣ ба коҳиши онҳо бояд самтҳои асосии сиёсати экологӣ ва иқтисодӣ бошанд.

9. Криосфера яке аз унсурҳои ҳассоси системаи иқлим мебошад. Тағйирёбии он ба тамоми ҷаҳон таъсир мерасонад. Танҳо бо коҳиши ифлосшавӣ, истифодаи энергияҳои тоза ва мутобиқшавӣ ба шароити нав метавон устувории криосфера ва муҳити зистро нигоҳ дошт. Аз ин лиҳоз, барои пешгирии оқибатҳои манфӣ зарур аст, ки инсоният ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ чораҳои ҷиддӣ андешад.

10. Кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ва шинонидани ниҳолҳои дарахтон зарур аст. Тадбирҳои мазкур на танҳо барои нигоҳ доштани сатҳи захираҳои криосфера, устуворӣ мебахшанд, балки барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва коҳиш додани хатари зарари иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба садҳо ҳазор шаҳрвандон нақши муҳим доранд. Аз рӯи таҳқиқотҳои илмӣ, татбиқи барномаҳо ва барқарорсозии муҳити табиӣ метавонад суръати талафоти пиряхҳоро суст намуда, сатҳи таъсири гармшавии глобалиро коҳиш диҳад.

11. Ҳамгироӣ байни сиёсати давлатӣ ва таҳқиқоти илмӣ зарур аст. Чун ки ин самаранокии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи криосфераро таъмин мекунад.

12. Мутобиқшавӣ ба криосфера маҷмӯи чораҳои илмӣ, техникӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Танҳо бо як роҳ ин мушкил ҳал намешавад. Барои ҳифзи криосфера зарур аст: технологияҳои муосир, сиёсати дуруст, масъулияти ҷомеа ва ҳамкории байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.

Криосфера на танҳо қисми табиат, балки “системаи ҳушдордиҳандаи замин” аст. Ҳифзи он — ҳифзи ояндаи инсоният мебошад.

13.  Қонунгузории экологиро ба роҳ мондан зарур аст, ки онҳо қонунҳо барои ҳифзи иқлим, ҷарима барои ифлоскунандагон ва стандартҳои экологӣ барои корхонаҳоро дарбар гиранд.

14. Криосфера масъалаи ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар ин зарур аст, ки кишварҳо бояд дар ин самт ҳамкориро ҷидди ба роҳ монанд, ки маълумот мубодила шавад ва лоиҳаҳои муштарак амалӣ гарданд.

15. Яке аз паёмадҳои нигаронкунандаи тағйирёбии иқлим афзоиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Селҳо, ярчҳо, тармаҳо ва кӯлҳои пиряхии хавфнок ҳамасола ба иқтисод ва зиндагии одамон зарари бузург мерасонанд. Коҳиши хавфи офатҳои табиӣ имрӯз танҳо масъалаи вокуниш нест, балки масъалаи пешбинӣ ва омодагӣ мебошад. Татбиқи низомҳои ҳушдордиҳии бармаҳал, истифодаи моделҳои рақамӣ ва таҳлили додаҳои иқлимӣ зарур буда, имконият медиҳанд, ки хавфҳо пеш аз ба фоҷиа табдил ёфтанашон ошкор карда шаванд.

Дар ин замина зарур аст, ки ҳамкориҳои байналмилалиро бештар ба роҳ монем, ки ҳамчун сипари илмӣ ва технологӣ хизмат хоҳанд кард.. Ҳар як лоиҳаи муштарак метавонад садҳо ҳазор нафарро аз оқибатҳои фалокатҳои табиӣ эмин нигоҳ дорад.

16. Тағйирёбии иқлим воқеиятест, ки онро наметавон нодида гирифт. Аз ин рӯ, мутобиқшавӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати экологӣ табдил ёфтааст. Зарур аст, ки стратегияҳои муосири мутобиқшавӣ бояд ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, рушди инфрасохтори устувор, ҳифзи экосистемаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологӣ такя намоянд. Маҳз дар ҳамин нуқта ҳамгироии донишҳои илмӣ ва таҷрибаи амалӣ аҳамияти калидӣ пайдо мекунад.

Кишварҳое, ки имрӯз ба мутобиқшавӣ сармоягузорӣ мекунанд, дар асл ба амнияти наслҳои оянда сармоя мегузоранд.

17. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги пиряхӣ имрӯз имконияти воқеии роҳбарӣ дар ташаккули рӯзномаи байналмилалии криосфераро дорад.

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нишон медиҳанд, ки кишвар метавонад маркази муколамаи илмӣ ва сиёсӣ гардад. Барои ин таъсиси Академияи байналмилалии криосфера, рушди лабораторияҳои инноватсионии пиряхшиносӣ, ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии «иқтисоди криосфера» ва ташкили маркази минтақавии таҳлили хавфҳои яхӣ зарур аст. 

Ин тадбирҳо метавонанд Тоҷикистонро ба «пойтахти илмии криосфераи ҷаҳон» табдил диҳанд.

18. Мониторинг танҳо ҷамъоварии маълумот аст. Арзёбӣ бошад, табдил додани ин маълумот ба дониш мебошад. Таҳлилҳои муосир нишон медиҳанд, ки бисёре аз пиряхҳои ҷаҳон ба марҳилаи таназзули босуръат ворид шудаанд. Барои кишварҳои кӯҳистонӣ ин раванд паёмадҳои ҷиддӣ дорад, ки ин коҳиши захираҳои об, тағйирёбии низоми гидроэнергетикӣ, афзоиши хавфи офатҳои табиӣ ва таъсир ба амнияти озуқаворӣ мебошад.

Арзёбии илмиро ба роҳ мондан зарур аст чунки ин ба ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ имкон медиҳад, ки барномаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро тарҳрезӣ намоянд.

19. Ҳатто пешрафтатарин технологияҳо наметавонанд бе фарҳанги баланди истифодаи об самараи комил диҳанд. Ҳар шаҳрванд бояд дарк намояд, ки исрофи як литр об метавонад дар маҷмуъ ба талафоти ҳазорҳо метри мукааб захираҳо оварда расонад.

Зарур аст, ки тарбияи фарҳанги об бояд аз оила оғоз гардида, дар муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш ёбад.

20. Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги пиряхӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Пиряхҳои Помир на танҳо сарвати миллӣ, балки дороии глобалӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар ин замина, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим аҳаммияти вижа доранд. Зарурати бештар намудани омӯзиши амиқи пиряхҳо, рушди шабакаҳои мониторинг ва таъсиси марказҳои пешрафтаи моделсозӣ метавонад кишварро ба яке аз марказҳои муҳими илмии яхшиносии минтақа табдил диҳад.

21. Дар сатҳи минтақавӣ, кишварҳои дорои кӯҳҳои баланд, аз ҷумла Помир ва Тян-Шан, ба маркази муҳими тадқиқоти криосфера табдил ёфтаанд. Тоҷикистон бо дороии ҳазорон пиряхи кӯҳӣ дар ин раванд мавқеи махсус дорад.

Лоиҳаҳои муштарак бо иштироки созмонҳои байналмилалӣ имконият медиҳанд, ки стансияҳои автоматии обуҳавошиносӣ насб шаванд, харитаҳои дақиқи пиряхҳо таҳия гарданд ва равандҳои обшавӣ дар вақти воқеӣ назорат шаванд. Дар ин самт корро ҷоннок кардан зарур аст.

Ин тадқиқотҳо на танҳо аҳамияти илмӣ доранд, балки барои пешгӯии захираҳои обӣ ва идоракунии хавфҳои табиӣ низ муҳиманд.

22. Яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳамкории илмӣ такмили моделҳои пешгӯии иқлим мебошад. Агар дар гузашта пешгӯиҳо асосан ба нишондиҳандаҳои умумӣ такя мекарданд, имрӯз зарурати таҳияи моделҳои минтақавии баланддақиқ ба миён омадааст. Барои расидан ба ин ҳадаф муттаҳид намудани пойгоҳҳои додаҳо, ҳамоҳангсозии усулҳои тадқиқотӣ ва таҳияи алгоритмҳои муштарак аҳаммияти стратегӣ доранд. Маҳз тавассути чунин ҳамгироӣ метавон тағйироти эҳтимолии захираҳои обӣ, хатари кӯлҳои пиряхӣ ва сенарияҳои рушди иқлимиро бо эътимоднокии бештар арзёбӣ кард.

23. Технологияҳои муосир омӯзиши пиряхҳоро ба марҳилаи нав ворид кардаанд. Зеҳни сунъӣ, таҳлили додаҳои бузург, сенсорҳои дурдаст ва моделҳои рақамии релеф имкон медиҳанд, ки ҳатто хурдтарин тағйирот дар ҳаҷм ва динамикаи пиряхҳо ошкор карда шавад.

Аммо самаранокии ин технологияҳо танҳо дар сурати мубодилаи васеи дониш ва таҷриба таъмин мегардад. Бинобар ин, таъсиси марказҳои муштараки таҳқиқотӣ, озмоишгоҳҳои минтақавӣ ва барномаҳои табодули олимон зарур буда, он метавонад ба ташаккули насли нави мутахассисони криосферашинос замина гузорад. Ҳамзамон, истифодаи платформаҳои рақамии кушода барои табодули фаврии маълумот имконият медиҳад, ки натиҷаҳои мушоҳидаҳо дар вақти воқеӣ дастрас гардида, қарорҳои илмӣ ва идоракунӣ бо дақиқии бештар қабул шаванд.

24. Дар замони иқтисоди дониш, арзиши маълумот аз худи захираҳои табиӣ камтар нест. Аммо маълумоте, ки дар бойгониҳо маҳдуд мемонад, қудрати таъсиргузорӣ надорад. Аз ин рӯ, густариши фарҳанги додаҳои кушода бояд ба яке аз шартҳои асосии ҳамкориҳои минтақавӣ табдил ёбад. Татбиқи таҳқиқоти муштарак, нашри маҷаллаҳои илмии байнидавлатӣ, таъсиси харитаҳои ягонаи криосфера ва баргузории экспедитсияҳои байналмилалӣ метавонанд ба тавлиди донишҳои нав мусоидат намоянд. Дар чунин муҳит рақобати илмӣ ҷойро ба ҳамофариниши илмӣ медиҳад ва натиҷаҳо арзиши глобалӣ пайдо мекунанд.

25. Марҳилаи навбатии таҳқиқоти пиряхҳо бо зеҳни сунъӣ алоқаманд аст. Алгоритмҳои интеллектуалӣ метавонанд миллиардҳо нуқтаи маълумотро дар муддати кӯтоҳ таҳлил намоянд ва қонуниятҳое пайдо кунанд, ки барои инсон ба осонӣ намоён нестанд. Имрӯз зарурати татбиқи амалии он расидааст. Чун ки оянда аз системаҳое иборат хоҳад буд, ки обшавии пиряхҳоро дар вақти воқеӣ пешбинӣ мекунанд, хатари селҳоро пештар огоҳ месозанд ва барои идоракунии захираҳои об қарорҳои автоматикӣ пешниҳод менамоянд.

Ин ҳамгироии илм, технология ва экологияро метавонад заминаи нави амнияти иқлимиро ба вуҷуд оварад.

26. Пиряхҳое, ки дар кӯҳҳои Помир, Ҳимолой ё Алп ҷойгиранд, бо як низоми ягонаи иқлимӣ пайваст буда, тағйироти онҳо ба сатҳи уқёнусҳо, захираҳои обӣ ва ҳатто амнияти озуқавории минтақаҳои дур таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт на танҳо интихоб, балки зарурати таърихист.

27. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи иқлим як қатор қадамҳо гузоштааст, ки ин Созишномаи Париж оид ба иқлим, барномаҳои СММ оид ба муҳити зист ва ҳамкории илмӣ байни кишварҳо мебошад.

Аз ин рӯ, дар сатҳи миллӣ низ кишварҳо бояд стратегияҳои экологӣ таҳия кунанд, энергияҳои тозаро рушд диҳанд ва назорати муҳити зистро пурзӯр намоянд .

28. Экосистемаҳои сарди замин хеле нозук мебошанд. Зарур аст, ки барои ҳифзи онҳо бояд минтақаҳои муҳофизатшаванда таъсис дода шаванд, шикори ғайриқонунӣ манъ карда шавад ва муҳити зисти ҳайвоноти қутбӣ ҳифз гардад.

29.  Бо кам шудани пирях хирси сафед, рӯбоҳи арктикӣ, морж ва дигар ҳайвонот зери хатар қарор мегиранд. Барои ҳифзи онҳо барномаҳои биологӣ зарур буда, назорати популятсия бояд гузаронида шавад.

30. Яке аз муҳимтарин роҳҳо кам кардани газҳои гармхонаӣ коҳиши гази карбон мебошад. Барои ин гузариш ба энергияи офтобӣ ва бодӣ, кам кардани сӯзишвории нафту газ ва истифодаи нақлиёти барқӣ зарур аст:

31. Ҷангалҳо гази карбонро ҷаббида мекунанд. Бинобар ин бояд дарахтшинонӣ зиёд карда шавад, ҷангалҳои кӯҳӣ ҳифз шаванд ва буридани ғайриқонунии дарахтон манъ гардад.

32. Ҳамкории байналмилалӣ дар омӯзиши криосфера имрӯз як зарурати илмӣ ва экологӣ мебошад, на танҳо як интихоби ихтиёрӣ аст. Дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим, танҳо тавассути муттаҳидсозии дониш, технология ва захираҳои кишварҳо метавон ба фаҳмиши амиқи равандҳои глобалӣ расид. Ин самтро пурзур кардан зарур аст.

33. Криосфера яке аз унсурҳои муҳими низоми иқлими замин мебошад. Тағйирёбии иқлим ба он таҳдиди ҷиддӣ эҷод намуда, боиси обшавии пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об мегардад. Барои коҳиш додани ин хатарҳо зарур аст, ки тадбирҳои илмӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба таври ҳамоҳанг амалӣ карда шаванд. Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи криосфера кафолати рушди устувор ва амнияти экологӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда мебошад

34. Барои ҳифзи криосфера ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим зарур аст, ки мониторинги илмӣ, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ба таври ҳамоҳанг амалӣ карда шаванд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки пиряхҳо ҳифз гардида, амнияти экологӣ ва захираҳои об барои наслҳои оянда таъмин карда шаванд.

35. Стратегияи муайян, ба мисли «Стратегияи илмҳои криосфера ва тағйирёбии иқлим: таҳдидҳо ва роҳҳои мутобиқшавӣ»-ро омода намудан зарур аст. Танҳо тавассути мониторинги дақиқ, идоракунии устувори захираҳои об, омодагӣ ба хатарҳои иқлимӣ ва иштироки фаъоли ҷомеа метавон таъсири манфии тағйирёбии иқлимро коҳиш дода, криосфераро барои наслҳои оянда ҳифз намуд.

36. Мутахассисони соҳаи криосфера бояд, пеш аз ҳама, таҳқиқот гузаронанд, мониторинг анҷом диҳанд, хавфҳоро пешгӯӣ намоянд, технологияҳои навро ҷорӣ кунанд ва барои ҳукуматҳо тавсияҳои илмӣ пешниҳод созанд. Маҳз фаъолияти касбӣ ва илмии онҳо имкон медиҳад, ки тағйироти криосфера сари вақт муайян шуда, барои ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим чораҳои муассир андешида шаванд.

Дар ниҳоят, криосфера танҳо маҷмӯи яхҳо нест — он хотираи зиндаи иқлими замин, шаҳодати гузаштаи геологӣ ва огоҳии оянда аст. Ҳифзи он маънои ҳифзи худи зиндагиро дорад. Ва ин ҳадафи бузург танҳо дар сурате дастёб мегардад, ки илм сарҳадҳоро фаромӯш кунад ва инсонҳо дар як ормони муштарак — ормони ҳифзи сайёра — муттаҳид шаванд.

Б). 1. Барои баланд шудани масъулияти ҷавонон нисбат ба захираҳои обӣ ва масъалаҳои иқлимӣ, ташкили ҳаракати миллии ҷавонон барои ҳифзи пиряхҳо зарур аст. Барои ин таъсис додани шабакаи ҷумҳуриявии ҷавонони ҳимоятгари пиряхҳо, ташкили гурӯҳҳои ихтиёрӣ дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо, гузаронидани чорабиниҳои доимӣ таҳти шиори «Пиряхҳо — сарвати миллӣ ва мероси наслҳо» ба маврид мебошад.

2. Барои ташаккули насли аз лиҳози экологӣ босавод ва масъулиятшинос баланд бардоштани саводнокии иқлимӣ зарур аст. Барои ин омода намудани дарсҳои кушод оид ба криосфера ва тағйирёбии иқлим, таҳияи китобчаҳо, видеороликҳо ва инфографикаҳо ва ташкили марафонҳои омӯзишӣ ва форумҳои ҷавонон зарур аст.

3. Барои баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷомеа ба хавфҳои иқлимӣ ҷалби ҷавонон ба илм ва таҳқиқот зарур аст. Барои ин бояд иштирок дар омӯзиши вазъи пиряхҳо ва манбаъҳои об, омода намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ ва пажӯҳишгоҳҳо ба маврид мебошад. Дар натиҷа ин ба пайдо шудани мутахассисони ҷавон дар соҳаи иқлимшиносӣ, гидрология ва экология оварда мерасонад.

4. Барои баланд шудани нуфузи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии иқлим рушди дипломатияи иқлимии ҷавонон зарур аст. Барои ин бояд онҳо дар форумҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ иштирок намуда, пешниҳоди ташаббусҳои ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва эҷоди платформаҳои ҳамкорӣ байни ҷавонони кишварҳои минтақа дастгири карда шавад.

5. Барои рушди иқтисодиёти устувор ва коҳиши таъсири инсон ба муҳити зист, пешбурди иқтисодиёти сабз, ташкили стартапҳои экологӣ, истифода ва тарғиби манбаъҳои барқароршавандаи энергия зарур буда пешниҳоди лоиҳаҳои ҷавонон оид ба сарфаи об ва энергия дастгири карда шавад.

6. Барои коҳиш ёфтани партовҳо ва газҳои гулхонаӣ татбиқи фарҳанги «Зиндагии сабз» зарур аст. Барои ин кам кардани истифодаи пластикаи яккарата, гузариш ба тарзи ҳаёти аз ҷиҳати экологӣ масъул ва тарғиби истифодаи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза саривақти мебошад.

7. Барои баланд шудани сатҳи омодагии ҷомеа ба хавфҳои иқлимӣ омодагӣ ба офатҳои табиӣ зарур аст. Аз ин лиҳоз омӯзиши роҳҳои пешгирӣ ва вокуниш ба сел, ярч ва хушксолӣ, ташкили гурӯҳҳои ихтиёрии кӯмакрасон ва гузаронидани машқҳои омӯзишӣ барои аҳолӣ ба роҳ монда шавад.

8. Барои баланд шудани самаранокии фаъолияти экологӣ ва ҷалби бештари ҷавонон, рақамикунонии фаъолияти экологӣ зарур аст. Аз ин лиҳоз, эҷоди барномаҳои мобилӣ барои мониторинги муҳити зист, истифодаи технологияҳои рақамӣ барои паҳн кардани донишҳои экологӣ ва таҳияи харитаҳои рақамии минтақаҳои осебпазир самараи хуб медиҳад, ки саривақти мебошад.

9. Ҳифзи криосфера танҳо вазифаи олимон ё давлат нест, балки рисолати ҳар як шаҳрванди масъул мебошад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва ояндасози ҷомеа метавонанд пешсафи мубориза бо тағйирёбии иқлим гарданд. Ҳар дарахте, ки онҳо мешинонанд, ҳар қатраи обе, ки сарфа мекунанд, ҳар ташаббусе, ки амалӣ месозанд ва ҳар донише, ки ба дигарон мерасонанд, қадаме муҳим дар роҳи ҳифзи пиряхҳо ва таъмини ояндаи устувори Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ҳифзи криосфера интихоби мо аст, вале фардо он ба масъалаи бақои наслҳои оянда табдил хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, ҷавононро бояд дар сафи пеши ин масъулияти бузурги таърихӣ қарор додан лозим аст.

10. Барои банақшагирии дарозмуддати давлатҳо навъи зерини  мутобиқшавӣ хеле муҳим аст, ки ин истифодаи моделҳои математикӣ ва компютерӣ мебошад. Ин моделҳо имкон медиҳад, ки рушди ояндаи криосфера пешгӯӣ карда шавад, таъсири гармшавии глобалӣ ҳисоб карда шавад ва минтақаҳои хавфнок муайян карда шаванд.

В). Пешниҳодҳои сиёсӣ ва стратегӣ

— Таъсис додани «Шурои ҷавонон оид ба иқлим ва криосфера»;

— Ҷудо намудани грантҳои махсус барои лоиҳаҳои ҷавонон дар соҳаи иқлим;

— Ҷорӣ намудани фанҳои «Саводнокии иқлимӣ» ва «Экологияи муосир» дар муассисаҳои таълимӣ;

— Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ;

— Ҷалби намояндагони ҷавонон ба қабули қарорҳои экологӣ.

Мирзоев Самариддин Зиёвиддинович

Унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон