Дарёи Хингоб аз сарватҳои гуногуни табиӣ бой буда, сокинон дар мавзеъҳои камоби он ба шустани тилло машғуланд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати молияи ноҳияи Сангвор ба шаҳрвандон иҷозатномаи фаъолият дода мешавад. Онҳо бо истифода аз ин имконият ба истихроҷи тиллои пошхӯрда машғуланд.
Сокинони ҷамоатҳои деҳоти Заршуён, Чилдара ва Ваҳдат, ки дар соҳили дарёи Хингоб зиндагӣ мекунанд, асосан ба заршӯӣ ва дарёфти тилло машғул мебошанд.
Фароҳам гардидани чунин ҷойҳои корӣ ва шароити мусоид барои фаъолият метавонад сатҳи муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш дода, садҳо нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.
Пас аз ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни аҳолӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Ин тадбирҳо ба истифодаи самараноки конҳои канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ва ҷамъовариву коркарди сарватҳои зеризаминӣ, ки дар натиҷаи равандҳои табиӣ, аз ҷумла бодхӯрдашавӣ, ба вуҷуд меоянд, равона гардидаанд.
Тибқи иттилои сардори Раёсати молияи ноҳияи Сангвор, дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба 90 нафар шаҳрванд барои фаъолият дар ин самт иҷозатнома дода шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар ин ноҳияи кӯҳистонӣ зиёда аз 1200 нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардидаанд.
Ҷамшед Раҳимбеков,
ноҳияи Сангвор
