ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ 426 ИНШООТИ ҶАШНӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДААСТ

Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои зиёди бунёдкорию созандагиҳо идома дошта, аз 408 иншооти ба нақша гирифта, то ба имрӯз 426 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд, ки 104,5 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Масуф ҳамчунин, иттилоъ дод, ки дар давраи сипаришуда аз ҷониби соҳибкорону сокинони сарбаланди ноҳия ҳудуди 60 км роҳҳои маҳаллӣ дар деҳаҳои Тосқалъа, Арал, Гулобод ва дигар деҳаҳо мумфарш гардиданд. Бо мақсади таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ ва оби полезӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳия 16 адад чоҳи амудӣ бароварда шуд. Инчунин барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани сокинони маҳаллӣ як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Аз ҷумла дар корхонаи хиштбарорӣ ва мурғпарварии ноҳия, ки соли равон мавриди истифода қарор дода шуданд, зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Айни замон дар 6 корхонаи дигари санотӣ ноҳия корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар назар аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода шавад, — гуфт раис. Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи зикршуда истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 121 миллиону 664,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 26 миллиону 669 ҳазор сомонӣ зиёд аст.