Акс: Ангораи Рамзи Истиқлол ва озодӣ
Дирӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” семинар таҳти унвони “Нақшаи амалинамоии “Шаҳри сабз” барои шаҳри Душанбе” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагон аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои давлатӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишгоҳҳои олии кишвар, ва ширкатҳои хусусӣ иштирок намуданд.
Семенари мазкур дар асоси Ёддошти тафоҳум байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупои таҷдид ва рушд аз 17 майи соли 2019 вобаста ба татбиқи амалии барномаи “Шаҳри сабз” ба накша гирифта шудааст.
Ҳадафи семенари имрӯза фарогири масъалаҳои татбиқи нақшаи шаҳри сабз, барномаи сармоягузорӣ ва афзоиши иқтидори шаҳри Душанбе буда, фароҳамсозии шароит баҳри бунёди ояндаи беҳтару устувор барои Душанбешаҳр ва сокинони он мебошад.
Дар бораи татбиқи барномаи мазкур баргузории 2 семенар ба нақша гирифта шуда чор ҳадафи асосии он муҳокима карда шуданд.
Г. Ниёзова,
Радиои Тоҷикистон