Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду корманди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои Агентӣ сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргиз Рузиева аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари ҳамин Раёсат Тахмина Юсупова дар давраи солҳои 2018-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 4 072 232 сомониро тасарруф намудаанд.
Барои чунин кирдор нисбати Рузиева Н.М. ва Юсупова Т.Я. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Хотирасон мекунем, ки моҳи гузашта ҳамин ниҳод хабар дода буд, ки дар натиҷаи санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагии Неругоҳи барқии обии Норак ба номи Тӯрсун Ӯлҷабоев Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасарруфи музди меҳнат аз тарафи масъулинро ошкор кардааст.
Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки шахсони масъули моддии Неругоҳи мазкур ба воситаи 38 корти пластикӣ, музди меҳнати кормандонро ба маблағи умумии 2 млн. 383,1 ҳазор сомонӣ тасарруф намудаанд. Аз маблағи зарари ошкоргардида 1 млн. 818,5 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.