Дар дави миллӣ беш аз 295 ҳазор нафар иштирок карданд

Имрӯз дар саросари Тоҷикистон беш аз 295 ҳазор нафар дар дави миллӣ иштирок намуданд, дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дави миллӣ бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, № 255 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2021, №26/10-17 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат баргузор карда шуд, ки дар он тамоми ҷомеаи кишвар фаъолона ширкат варзиданд.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар баргузории дави миллӣ 295 621 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 96 101 нафар бонувон иштирок намуданд.

Зимни баргузории дави миллӣ дар вилояти Хатлон 88 658 нафар аз ҷумла 21 611 нафар бонувон, дар вилояти Суғд 83 480 нафар аз ҷумла 33 240 нафар бонувон, дар шаҳри Душанбе 43 850 нафар аз ҷумла 16 310 нафар бонувон ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 66 683 нафар, аз ҷумла 19 763 нафар бонувон фаро гирифта шуданд.

Гузориши омории
баргузории дави миллӣ дар ҷумҳурӣ,
16 майи соли 2021

Вилоят, шаҳр, ноҳияШумораи иштирокчиёнШумораи писаронШумораи бонувон
шаҳри Душанбе
Душанбе438502754016310
вилояти Хатлон
шаҳри Бохтар1026074402820
ноҳияи Ёвон420029501250
шаҳри Левакант19001556344
ноҳияи Вахш870730140
ноҳияи Кӯшониён654046701870
шаҳри Норак500029002100
ноҳияи Панҷ28502450400
ноҳияи Н. Хусрав18701430440
ноҳияи Ҷайҳун603440991935
ноҳияи Дӯстӣ1010830180
ноҳияи Хуросон39002980920
ноҳияи Шаҳритуз956061102150
ноҳияи Ҷ. Балхӣ47204020700
ноҳияи Қубодиён834561952150
ноҳияи А. Ҷомӣ45003830670
Ҷамъ715595219018069
Минтақаи Кӯлоб
шаҳри Кӯлоб500035501450
ноҳияи Восеъ12001100100
ноҳияи Муъминобод1044912132
Ховалинг980877103
Ш. Шоҳин15621450112
Ҳамадонӣ1150770380
Фархор23431900443
Темурмалик18001488312
Балҷувон1000700300
Данғара1020810210
Ҷамъ:17099135573542
Вилояти Суғд
шаҳри Хуҷанд1200072004800
ноҳияи Айнӣ320016801520
ноҳияи Ашт1700092007800
ноҳияи Б.Ғафуров580035002300
ноҳияи Деваштич307018701200
ноҳияи Зафаробод500260240
шаҳри Истаравшан700040003000
шаҳри Истиқлол295016001350
шаҳри Исфара400025001500
шаҳри Конибодом300020001000
ноҳияи К.Мастчоҳ60052080
шаҳри Гулистон930061003200
ноҳияи Мастчоҳ15601110450
шаҳри Панҷакент300020001000
ноҳияи Спитамен320020001200
шаҳри Бӯстон300017501250
ноҳияи Ҷ.Расулов1300850450
ноҳияи Шаҳристон30002100900
Ҷамъ:834805024033240
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
шаҳри Хоруғ72064080
ноҳияи Шуғнон18001250550
ноҳияи Рӯшон500400100
ноҳияи Роштқалъа1268547727
ноҳияи Ишкошим564033102330
ноҳияи Ванҷ860538430
ноҳияиМурғоб1422782640
ноҳияи Дарвоз740420320
Ҷамъ:1295078875177
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
шаҳри Ваҳдат583038901940
шаҳри Турсунзода31002380720
шаҳри Роғун325020101240
шаҳри Ҳисор500036001400
ноҳияи Шаҳринав22001500700
ноҳияи Рӯдакӣ296371913710200
ноҳияи Варзоб26702140530
ноҳияи Файзобод24761756720
ноҳияи Сангвор34202857563
ноҳияи Лахш60056040
ноҳияи Тоҷикобод50049010
ноҳияи Рашт450030001500
ноҳияи Нуробод35003300200
Ҷамъ:666834662019763
Ҷамъи умумӣ дар ҷумҳурӣ:29562119952096101

Манбаъ: АМИТ “Ховар”