Дар натиҷаи санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагии Неругоҳи барқии обии Норак ба номи Тӯрсун Ӯлҷабоев Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасарруфи музди меҳнат аз тарафи масъулинро ошкор кардааст.
Агентӣ бо интишори як хабар иттилоъ дод, ки тибқи фармоиши директори Агентӣ аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони назорати давлатии молиявӣ санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагии Неругоҳи барқии обии Норак ба номи Тӯрсун Ӯлҷабоев гузаронида шуда, дар рафти санҷиш муайян гардид, ки шахсони масъули моддии Неругоҳи мазкур ба воситаи 38 корти пластикӣ, музди меҳнати кормандонро ба маблағи умумии 2 млн. 383,1 ҳазор сомонӣ тасарруф намудаанд. Аз маблағи зарари ошкоргардида 1 млн. 818,5 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.
“Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шахсони масъули моддии Неругоҳи болозикр Шишпаренко Ольга Владимировна ва Раҳматуллоев Лутфулло Изатуллоевич бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад”- навиштааст манбаъ.
Хотирасон мекунем, ки ду сол қабл Агентии мубориза бо коррупсия Ханифа Касирова ва Майсара Расулова кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синоро дар ҳолатҳои ҷудогона дастгир карда буд.
Гуфта мешуд, ки гумонбарон давоми солҳои 2017-2019 дар умум бо роҳи сохтокории ҳуҷҷатҳо ба номи 25 нафар шаҳрванд кортҳои пластикии БДА ҶТ “Амонатбонк” кушода, ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахурон қариб 400 ҳазор сомонӣ гузаронида, ба манфиати шахсии худ сарф намудаанд.