Арзёбиҳои аввалин. КҲФ зарарҳои расонида дар муноқишаи марзиро муайян мекунад

Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд  зарари расида аз муқовиматҳои низомӣ дар марзи Тоҷикистонро муайян мекунад.

Мувофиқи арзёбиҳои аввал дар натиҷаи муноқиша дар қаламрави се ҷамоати деҳоти ноҳияи Исфара 14 хонаи истиқоматӣ пурра хароб шуда, 2 хона ва 1 иншооти ёрирасон низ қисман тахриб шудаанд. КҲФ менависад, ки бинои як мактаби таҳсилоти умумӣ ва як хонаи истиқоматӣ дар қаламрави деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ  қисман зарар дидаанд.

Манбаъ мегӯяд, ки Комиссияи эвакуатсионии шаҳри Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ. Расулов ​​ва  Спитамен якҷо бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд тақрибан 15 ҳазор сокини маҳаллиро, ки дар минтақаи низоъ мондаву ба ҳаёташон хатар таҳдид мекард,  ба ҷойҳои бехатар кӯчонданд. Дар айни замон, ҳамаи онҳо ба ҷойҳои истиқомати доимии худ баргардонида шуданд.

Хотирасон мекунем, ки рӯзҳои 28-29 апрели соли ҷорӣ сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон байни ҳам муноқиша карданд. Тавре, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,  29 апрели соли 2021 тахминан соати 11 як гуруҳ хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон иборат аз 200 нафар дар рубарӯи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и “Хоҷаи аъло”-и қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мавзеи пости “Головной”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара, дар назди сарбанди обтақсимкунии “Головной” ҳангоми аз ҷониби муҳандисони тоҷик насб гардидани камераҳои мушоҳидавии қаблан мувофиқашуда ҷамъ омаданд.

Аз ягон масъала пурсон нашуда, шахсони болозикр бо иҷозат ва иштироки бевоситаи ҳокимияти расмӣ, алалхусус хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намуда, ҳамзамон буридани симчӯбе, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, оғоз намуданд. Баъдан, иғвои мазкур ба бетартибиҳои оммавӣ, ки аз ҷониби Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил карда шуд, мубаддал гашт.

“Бинобар ин, 29 апрели соли 2021 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии қисми 2 моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва қисми 2 моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гуруҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд”,- омадааст дар идомаи гузориш.