Дар Булғористон барои 36 роҳхати охирин ба Токио мусобиқаи ниҳоии интихобӣ оид ба гӯштин доир мешавад.
7 варзишгари тоҷик, аз ҷумла Муҳаммад Икромов, Мустафо Ахмедов, Баҳодур Қодиров ва Искандари Рустам аз намуди гӯштини тарзи озод ва Фирӯз Мирзораҷабов, Далер Ризозода ва Суҳроб Абдулҳаев аз намуди гӯштини юнонӣ-румӣ низ рӯзҳои 6-9 май дар шаҳри Софияи ин кишвар бо умеди пайдо кардани роҳхат ба майдон мебароянд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин, барои ба даст овардани 36 роҳхати охирин ба Токио (иштирокчиёни финал дар 18 категорияи вазнӣ) 474 нафар варзишгарон аз 84 давлати дунё дар София ҷамъ меоянд. Дар ин бора “Ховар” навиштааст ва гуфта мешавад, ки дар ҳоле ки дар панҷ соли охир гӯштингирони ҷавон рӯи майдон омадаанд, ҳашт нафар ҷоизадори олимпӣ ҳанӯз роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро нагирифтаанд ва дар мусобиқаи София ширкат мекунанд.
“Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин, ки соли 2019 дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор шуда буд (6 роҳхат дар ҳар категорияи вазнӣ), мусобиқаҳои интихобии қоравӣ, ки соли 2021 доир гардиданд (2 роҳхат дар ҳар категорияи вазнӣ) иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро муайян кард. Вале варзишгарони тоҷик дар ду мусобиқаи гузашта натавонистанд роҳхати олимпӣ ба даст оваранд”,- мегӯяд манбаъ.
Бояд гуфт,ки дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гӯштин 288 варзишгар (192 мард, 96 зан) аз тамоми ҷаҳон ширкат мекунанд ва дар 18 категорияи вазнӣ (равияи тарзи озод — 6 вазн миёни мардон, 6 вазн миёни бонувон ва равияи юнонӣ-римӣ — 6 вазн миёни мардон) барои ҷоизаҳои олимпӣ талош менамоянд.