Паём.нет – минбари ватанфурӯшон

Шиори саркардагон ва муздурони наҳзатӣ “дар ҷанг ҳама усулҳо раво мебошанд” буда, ҳадафи алсияшон шикасти давлати миллии тоҷикон аст. Барои расидан ба ин ҳадафи худ онҳо даҳсолаҳост маълумоти ботил паҳн мекунанд. Солҳои охир майдони паҳнсозии хабарҳои ҷаълии онҳо фазои маҷозӣ шудааст. Онҳо чандин сомонаҳои ҷаълӣ ба роҳ монда ҳамеша ба паҳнсозии маълумоти дурӯғ ва туҳмату буҳтонҳо машғуланд.

Дар ин бадкориҳои наҳзатӣ яке аз муздурони онҳо, ки манфиати ватану модари худро ба наҳзатиҳову хоҷагони хориҷии онҳо мефурӯшад, шахси бешарафе бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Ин қаллоби бешараф сомонаи наҳзатии “Паём.нет”-ро мудирият мекунад, ки ҳар як сатри навишташуда дар ин сомона дурӯғу туҳмат аст. Дараҷаи ватанфурӯшиву бешармии ин бешарафро ҳатто аз як мақолааш ташхис карда мешавад. Барои мисол дар яке аз матолиби охиринаш қартаи маҳалгароиро пеш оварда, мардуми тоҷикро боз ҳам ба монанди солҳои навадум ба минтақаҳо ҷудо мекунад. Ин сомона ба яке аз минбарҳои ватанфрӯшон табдил ёфтааст.

Ин марди бешрафи ватанфурӯш барои пардапушӣ кардани дурӯғҳои худ чанд хоини дигарро дар ин мақолаи худ таърифҳои беасос карда, аз номи онҳо идеологияи ватанфурӯшонаи худро паҳн сохтааст. Барои мисол аз забони муздури охундии гузарое бо номи Маҳмудхон Бурҳонов мегӯяд “табъан барои ман унсури миллат ҳеч аҳамияте надорад”. Яъне ин ватанфурӯшон аслан худро тоҷик намешуморанд ва тоҷик будан барои ин беномусон аҳамияте надорад. Ватану ҳама муқадасоти он барои ин хоинон пули ҳароми хоҷагонашон гаштааст. Онҳо арзиши зиндагиро дар гирифтани пули душманони фарҳангу забони тоҷик ва иҷро кардани амалҳои ватнафурӯшӣ мебинанд. Хушбахтона, ҳама кушишҳои саркардагон ва муздурони бешарафи наҳзатӣ, аз ҷумла Муҳамадиқболи Садриддину Махмудхонҳо, пеши роҳи ватансозии мардум ва ҳукумати мардумии Тоҷикистонро нагирифтааст ва дар оянда ҳам наметавонад гирад. Сабабҳои ососӣ инҳо мебошанд.

1. Шинохти дурусти мардум аз ташкилоти террористии наҳзатӣ. Ин гуруҳи ифротии бегонапараст солҳо дар дохил фаъолият карда, пастиву бешарафии худро дар амал нишон додааст. Мардум ин гуруҳро куллан қабул надоранд ва дар ҳар ҳолат ҳам ба монанди солҳои навадум Тоҷикистонро аз шарри наҳзатиҳои хоин ҳифз хоҳанд кард;

2. Шинохти мардум аз забону фарҳанги худ ва дар баробари ин аз давлатдориҳори таърихӣ ва имрӯзаи мо. Мардуми тоҷик ҳамеша номусу шарафи баланди худро ҳифзу ҳимоя мекард. Албатта дар таърих шахсиятҳои алоҳидае ба бешарафӣ одат карда, ба ватану мардуми худ хиёнат мекарданд ва наҳзатиҳову Муҳамммадиқболи бешараф барин шахсҳо вуҷуд доштанд. Вале дар маҷмуъ мардуми тоҷик мардуми баномус буда, ҳамеша дар баробари душманони дохиливу хориҷӣ номусу шарафи миллии худро ҳифз карда буданд ва дар оянда ҳам мекунанд;

3. Ноуҳдабароии гуруҳи ифротии наҳзатӣ, ки бо роҳҳои гуногун ҳуҷум мекунад, вале ҳеҷ гоҳ муваффақ намешаванд. Ин гуруҳ аз чанд пулпарасти бешараф иборат аст, ки барои пулу мол шуда ҳатто фарзанди худро мефурӯшанд. Далели он ҳамин моли кадом як қумондони афғон шудани худи Муҳаммадиқболи Садриддин дар овони кӯдакияш мебошад. Чунин гуруҳҳо ҳамеша дучори шикаст мешаванд.

4. Дастгирӣ наёфтан аз ҷониби мардум. Мардум то ҳаде наҳзатиёни хоинро шинохтааст, ки ҳеҷ гоҳ ба доми найранги онҳо намеафтад. Гузашта аз ин, агар ин бешарафон кушиши ҷангро ба монанди солҳои навадуми асри гузашта кунанд, худи мардум онҳоро дастгир карда ба ҳукумат месупорад. Мо инро дар сентябри соли 2015 дида будем. Вақте наҳзатиёни кушиши табаддулот карда ба куҳу камар гурехта пинҳон шуданд, мардуми ҷасуру шарафманди мо бо мақомоти қудратӣ ҳамоҳангии хуб карданд ва дар як муддати кутоҳ ҳамаи хоинон дастгир ва безарар гардонида шуданд. Ҳангоми сар задани дигар ҳуҷумҳо ҳам ҳамин тавр хоҳад буд.

Хулоса, сомонаҳои ифротии наҳзатӣ ба монанди ҳамон саге мебошанд, ки ҳангоми гузаштани корвон меҷакад, вале ҳеҷ имкони монеъ шудани ҳаракати онро надорад. Корвони рушду пешрафти давлати Тоҷикистон бо ҳамин суръати баланд дар оянда ҳам пеш меравад ва ҷакишҳои саркардагон ва муздурони бешарафи наҳзатӣ ҳеҷ таъсире ба он нахоҳанд дошт.

Амирҷони Карим