Аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба масоили муҳими ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла раванди иҷрои барномаи давлатии ислоҳоти милитсия, нархҳои ҳангуфти билети парвоз ба Русия, талоши шаҳрдорӣ барои танзими нархҳо дар бозор ва даъват аз муҳоҷирони тоҷик барои қонуни кардани буду боши худ дар Федератсияи Русия таваҷҷуҳ кардаанд.
“Ҷумҳурият”
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 апрел мақолае бо номи “Мушкилоти басти сеюм. Он дар вилояти Хатлон кай ҳалли худро меёбад?” чо карда, аз мушкилоти норасоии ҷойҳои нишаст дар маорифи вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф менависад, ки феълан дар 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон таълим дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки ин ҳолат ба донишомӯзии хонандагон монеа эҷод мекунад.
Дар мақола таъкид мешавад, танҳо соли 2020 дар вилояти Хатлон 69 муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ мавриди истифода қарор гирифт, аммо ҳанӯз ҳам мушкили дар 3 баст таҳсил намудани хонандагон аз байн нарафтааст.
Дилшод Сафарзода, сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, вобаста ба мушкили мазкур гуфтааст, ки дар Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021, сохтмону азнавсозии 566 муассисаи таълимӣ пешбинӣ шудааст, аммо мутаассифона, то имрӯз дар доираи барномаи мазкур танҳо 143 муассиса сохта шудааст, ки ин 22 дарсади иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
“Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре аз ба нестӣ рафтани клубҳои деҳот дар саросари кишвар бонги изтироб зада навиштааст, ки ани заомн Тоҷикистон 395 клуб мавҷуд аст, дар ҳоле ки тибқи маълумоти оморӣ, то соли 1991 шумораи ин муассисаҳо 1433 адад буд.
Ба навишати муаллиф воқеяит ин аст, ки ҳоло дар деҳот маконе, ки мардумро ба ҳам орад, завқи фарҳангиашонро тарбияву боло бубарад, вуҷуд надорад, дар ҳоле кӣ ин аслан, рисолати клубҳои деҳот аст. Ҳол он ки дар замони худ ин клубҳо дар наздашон китобхона, курсҳои рассомӣ, гӯшаи собиқадорони ҷангу меҳнат, чойхона, толори калони намоиши кино ва консерт доштанд.
Дар фарҷом муаллиф ин саволро матраҳ кардааст, ки ҳоло сиёсати фарҳангии кишварро дар деҳот, ки 70 дарсади шумораи умумии аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ ва фаъолият дорад, кадом муассиса бояд пеш бубарад?
“Садои мардум”
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 22 апрел хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи охири Маҷлиси Намояндагон лоиҳаи қонун «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» баррасӣ ва тасвиб шуд.
Нашря аз қавли вакилони марудмӣ навиштааст, ки ин қонун барои истифодаи бештари имкониятҳои транзитӣ, рушди сайёҳии кишвар, тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ ва фаъолияти роҳдорӣ заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меорад. Ҳамчунин, баҳри истифодаи иқтидорҳои транзитии кишвар ва дар солҳои наздик барои сохта, ба истифода додани боз зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалӣ, мусоидат хоҳад намуд. Дар ҳошияи баррасии ин лоиҳаи қонун дар ҷаласаи МН таъкид шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
“Тоҷикистон”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 21 апрел дар сармақолаи худ навишт, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия то 30 июн вақт доранд то ҳузури худро дар қаламрави ин кишвар қонунӣ кунанд. Дар акси ҳол муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо хатари боздошту ихроҷ аз Русия рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Нашрия ёдовар шудааст, ки ахиран мақомоти Русия эълон карданд, ки дар ҳудуди ин кишвар 247 ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Аз сӯи дигар Зоҳир Мирзоев раҳбари намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав, омори мақомоти рус дар мавриди муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷикро дур аз воқеият донистааст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумора инчунин мусоҳиба бо Валихон Ҳамдамзода ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар ҶТ-ро чоп кардааст. Ҳамдамзода дар ин суҳбат таъкид кардааст, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо уҳдадориҳои хешро дар чорчуби ёдошти тафоҳум дар заминаи стратегияи ислоҳоти милитсия дар ҶТ, иҷро накардааст. Ба гуфтаи вай ин созмон дар амри сармоягузорӣ ва ҷалби маблағи кишварҳои кумакрасон барои иҷрои стратегияи мазкур кутоҳӣ кардааст.
Валихон Ҳамдамзода дар идома таъкид кардааст, ки аз соли 2014 то кунун ВКД ҶТ 58 банди стратегияи ислоҳоти милитсияро амали кардааст, ки 67% онро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин дар ин муддат ҶТ барои амалисозии ин стратегия 1 млрд 150 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда, аз ҷониби кишвраҳои донор бошад ҳамагӣ 337 млн сомонӣ харҷ шудааст.
“Asia-Plus”
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 22 апрел дар сармақолаи худ савол гузоштааст, ки “Аз куҷо метавон гӯшти 55 сомона харидорӣ кард?”. Муаллиф баъди боздид аз бозорҳои “Деҳқон” ва “Меҳргон”-и пойтахт навиштааст, ки дар даруни бозорҳо гӯшти гов бо нархи аз 60 то 70 сомонӣ фурӯхта мешавад. Аммо дар ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ки шаҳрдорӣ дар назди ин бозорҳо ташкил кардааст, нархи 1 кг гӯшт 55 сомонӣ муаян шудааст.
Ҳамзамон муаллиф таъкид кардааст, ки гӯшти 55 сомона як аммо дорад, ва он ҳам ин аст, ки дар як кг гӯшт аз 200 то 500 грамми он чарбу ва ё устухон аст. Афзун бар ин ба навиштаи нашрия картошка бо нархи аз 4.5 то 5 сомонӣ, сабзӣ 3.8 то 4 сомонӣ ва равған 110 то 130 сомонӣ барои 5 литр фурӯхта мешавад. Кишоварз Ғулом Ашурзода гуфтааст, ки сабаби асосии афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ, боло рафтани қимати сузишворӣ, нуриҳои минералӣ ва хадамоти боркашонӣ дар кишвар аст.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигари ин шумораи хеш зимни таҳлили зарфиятҳои саноати куҳии Тоҷикистон, навиштааст, ки хоки зери пойи мардуми кишвар ганҷинаи бебаҳост. Ба навишати муаллиф дар Тоҷикистон беш аз 600 кони сарватҳои зеризаминӣ кашф шудааст, ки айни замон танҳо 100-тои он истифода мешавад.
Муаллиф таъкид кардааст, ки аз як сӯ агар Тоҷикистон дар истихроҷ ва коркарди филизоти гаронбаҳо мисли тилло ва нуқра пешрафт карда бошад, аммо дар иктишоф ва истифодаи конҳои нафту газ коҳиши назарраси тавлидот ба назар мерасад. Аз ҷумла ба гуфтаи коршиносон замони шуравӣ дар Тоҷикистон 23 кони нафту газ кашф ва мавриди истифода қарор дошт, ки солона дар кишвар то 400 ҳазор тонна нафт ва ҳудуди 500 млн метри мукааб газ истихроҷ мешуд.
Аммо тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон соли 2020 ҳамагӣ 24.5 ҳазор тона нафт ва 678 ҳазор метри мукааб газ истихроҷ шудааст.
“Фараж”
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 21 апрел аз гаронии нархи билети парвоз ба Русия ва бар илова ин дастнорас будани билет барои ду моҳи оянда, изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллифи мақола дар ин росто ба инҳисори ҳаққи фурӯши билети ҳавопаймо аз сӯи танҳо як ширкат ишора карда, навиштааст, ки нархи парвоз аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Маскав дар қиёс ба Тоҷикистон қариб як баробар арзонтар аст.
Дар баробари ин нашрия масъалаи кам будани парвозҳои доимӣ аз Тоҷикисон ва Русияро матраҳ карда навиштааст, ки сабаби ин ҳолат ангезаи сиёсӣ дорад. Аз ҷумла коршиноси мустақил Нуралии Давлат дар ин маврид гуфтааст, ки сабаби асосии ҳавасманд набудани русия барои афзоиши парвозҳо, номуаян будани мавзуи шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар матлаби дигари ин шумораи хеш навиштааст, ки дар вилояти Хатлон як шаҳр ва шаш ноҳия қарори рақами 639 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро накардаанд. Муаллиф аз қавли Музаффар Холиқов сармуҳандиси “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-минтақаи Бохтар навиштааст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ шаҳру навоҳии Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Шаҳритус, Қабодиён, Вахш ва Панҷи вилояти Хатлон барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои маҳалӣ ягон сомонӣ ҷудо накардаанд. Номбурда афзудааст, ки бо назардошти ин ҳолат айни замон аз наздики 2 ҳазор км роҳҳои маҳалӣ танҳо сӣ дарсади он барои рафту омад мувофиқанд.
Зиёратшои Аҳмадшо,
Радиои “Тоҷикистон”