Имрӯз 15 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зиёда аз як моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Москва қарор доштанд, ба Ватан гусел карда мешаванд.
Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия маълумот дода. қайд кардааст, ки намояндагони сафорат бо шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва машваратҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба онҳо оид ба қонунгузории кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот пешниҳод гардид. Зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз низ тақдим карда шуд.
Гуфта мешавад, ки то кунун дар ин боздоштгоҳ 37 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 35 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид. Барои 2 шаҳрванди дигар, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоштанд, дархост ба мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани шахсияташон фиристода шуд. Пас аз ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳрвандони зикршуда ба Тоҷикистон бозгардонида мешаванд.
Сафорат бар он аст, ки корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштшуда, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.
Хотирасон мекунем, ки бар асоси як фармони Президенти Федератсияи Россия “Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19” (аз 18 апрели 2020, №274) муҳлати амали бақайдгирии муҳоҷирон, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, барои истиқомат ва патенти меҳнатӣ ба таври худкор (автоматӣ) дароз карда шуд.
Вале, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатии муқими Россия даъват ба амал овардааст, ки то 15 июни соли равон ба шӯъбаҳои ноҳиявии муҳоҷират дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва будубоши худро дар Россия тамдид намоянд. Дар акси ҳол, ба таври автоматӣ ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, ки рӯйхати ном ба номи шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ғайриқонунӣ қарор доранд, дар Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мавҷуд аст ва муҳоҷирон барои ошноӣ бо ин рӯйхат ҷиҳати расмикунонии будубош дар Федератсияи Россия ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд.